Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгаштро ифтитоҳ карданд.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг воқеъ мебошад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Маконе, ки майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатобод бунёд карда шудааст, аз офати табиӣ зарар дида, қаблан бекорхобида буд. Бо амалӣ намудани корҳои тахту ҳамворкунӣ ва кашондани хок дар ин ҷо имконият барои сохтани чунин мавзеи дилнишин фароҳам шуд.

Амалӣ намудани тадбирҳо дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкон фароҳам овард, ки ин мавзеъ ба ҷойи асосии сайру сайёҳат ва фароғати ҷавонону наврасон табдил ёбад.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгашт дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” сохта шудааст.

Роҳравҳои ҳудуди гулгашт ба андозаи 11 245 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, равшаннамоии он пурра таъмин карда шудааст.

Дар ҳудуд ва атрофи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Дар асоси лоиҳа ва таҷрибаи муосири бунёди марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ сурат гирифтани сохтмон барои дар шомгоҳон сайру гашт намудани сокинону меҳмонон дар ноҳияи Восеъ мусоид мебошад.

Барои таъмини майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт аз зери замин об бароварда шуда, 3 насос насб ва обанбор сохта шудааст.

Ҳамзамон атрофи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асфалтпӯш карда шуда, дар шафати он барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии Меҳан имкон фароҳам овард, ки ҳамагон аз имкони замонавӣ барои фароғат дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ баҳравар шаванд.

Ин тадбири муҳим дар доираи ҳадафҳо ҷиҳати арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ барои баҳравар шудани ҳамагон аз имкони замонавӣ барои фароғат ва баланд шудани эҳсоси худшиносӣ мусоидат мекунад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028