
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баҳри амалигардонии Барномаи Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар доираи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе ҳар рӯзи шанбе корҳои ободониву созандагӣ ташкил ва баргузор менамояд.
Бо ҳамин мақсад санаи 2 октябр дар шаҳраки Гипрозем шамбегии дастаҷамъона бо ҷалби зиёда аз 300 нафар ҳизбиёни пойтахт баргузор гардид. Дар доираи шанбегӣ кӯчаву роҳрав, атрофи биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тозаву озода гардонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки ҳизбиён бо чунин иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи худ барои зебо намудани симои пойтахт ва муаррифии кишвари биҳиштосои азизамон-Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоянд.
ҲХДТ – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои ҳизбии худ бо ҷалби аъзоёни пурифтихораш амалӣ гардонида истодааст.