
Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи варзиширо аз рӯйи намуди футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор менамояд.Мақсад аз баргузории чорабинӣ ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳакам намудани робитаи дӯстӣ ва бо ҳамин васила таъмини иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”, “Барномаи пешазинтихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва “Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025” мебошад.Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур дар чор маҳила: марҳилаи авваи мусобиқа байни дастаҳои ғайрикасбӣ сатҳи маҳаллаҳо, марҳилаи дуюм сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи сеюм сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва марҳиллаи чорум бошад сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки ғолибони минтақаҳо баргузор мегардад.То ба имрӯз 3 марҳила бо ҷалби васеи варзишгарон ва ҳаводорони ин намуди варзиш баргузор гардид.Санаи 2 октябр бо иштироки Муовини ҲХДТ – Латифзода Асрор Қурбон марҳилаи 4-уми мусобиқа бо иштироки ғолибони минтақаҳо оғоз гардида, дастаҳо миёни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.Ғолибони марҳилаи мазкур бо Ҷоми ҲХДТ, диплом, медал ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.