Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ДАСТГИРИИ НАВБАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОМӮЗГОРОНИ ПОЙТАХТҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ — HHDT

ДАСТГИРИИ НАВБАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОМӮЗГОРОНИ ПОЙТАХТҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҚАРОР МЕКУНАМ:1.Рӯйхати омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, барои ҳавасмандгардонӣ тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасманд намудани омӯзгорон тибқи замимаи 2 барои ҳар кадоме ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ ва дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 237000 (ду саду сиву ҳафт ҳазор) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо намояд.3.Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии омӯзгорон тадбирҳо андешанд.4.Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028