Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ба истифода додани Амфитеатр дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг — HHDT

Ба истифода додани Амфитеатр дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Амфитеатрро, ки барои ду ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳимзода Фарҳод дар масоҳати 2440 метри мураббаъ бунёд карда шудааст.Амфитеатр бо тарҳ ва намои зебову муосир қомат афрохта, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳоти Лоҳутӣ, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 10 километр ҷойгир аст, имкони мусоидро фароҳам меорад.Иншоот дорои ҳуҷраҳои зарурӣ барои ҳунармандон, майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, ҷойи нишасти тамошобинон ва макони болопӯшида мебошад.Дар рафти корҳои сохтмонии Амфитеатр, ки моҳи апрели соли 2021 оғоз гардида буд, 12 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашта, пас аз ифтитоҳ барои 3 нафари дигар низ ҷойи кори доимӣ фароҳам шуд.Атрофи Амфитетари навбунёд бо гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.Зимни ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи Амфитеатрро дар доираи ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба сокинони деҳоти Лоҳутӣ арзёбӣ карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028