Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг — HHDT

Зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.Тавре таъкид гардид, ҳудуди Мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шудааст.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.Феълан дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд буда, 9 хатсайри сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд.Дар меҳмонхона ва хостелҳои ноҳияи Ховалинг имкони қабули то 500 нафар меҳмон мавҷуд аст.Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва корнамоиҳои шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ соли 2006 мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ бунёд карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028