Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва намоиши гулу гиёҳҳои шифобахши ноҳияи Ховалинг — HHDT

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва намоиши гулу гиёҳҳои шифобахши ноҳияи Ховалинг

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш — фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.Дар ноҳия номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши мазкур бо назардошти сайёҳӣ будани минтақа ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии хеш дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.Дар ҳаминҷо суҳбати самимии ғайричашмдошти сарироҳии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони касбу кори гуногун доир гардид, ки ҷолиби диққат буд.Сарвари давлат зимни ин суҳбат аз ҳолу аҳволи сокинони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт пурсон шуда, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ даъват намуданд ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ҳидоят карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028