
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Роғун – Кохи нури Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш беш аз 100 нафар, аз ҷумла намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказии ҳизб, баъзе раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагони аҳли зиё, ҳунармандон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолон ширкат доштанд. Ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо; мусоидат ба истифодабарии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда; дастгирии раванди сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бо назардошти имкониятҳои мавҷуда; таҳкими раванди идомаи корҳо оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ; мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ аз нишондодҳои муҳимми барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ маҳсуб меёбад. Корвони мошинҳо бо навиштаҷоту овезаҳои ҷашнӣ тавассути автобусҳо аз шаҳри Душанбе субҳи содиқ ба самти шаҳри Роғун бо роҳбаладии мошинҳои масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракат карданд. Меҳмонони ҳамоишро дар даромадгоҳи шаҳр ва толори пазироии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» зери навои карнаю сурнай ва риояи унсурҳои миллии меҳмондорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Роғун, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роғун», Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сарпарастии маънавии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба зимма гирифта, ҳамеша талош менамояд, ки ин иншооти таърихию тақдирсози миллат дар муҳлати муқарраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ин масъала дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дорад ва барои амалӣ намудани ин иқдоми бузург тадбирҳои ҷиддӣ мунтазам андешида мешаванд. Тайи солҳои охир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти густурдаеро амалӣ намуд, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, ба тарғиби «Роғун» ҳамчун меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтари мардуми кишвар, муаррифии шоистаи ин Кохи нури Тоҷикистон ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми ҷомеа ва баланд бардоштани рӯҳияи кормандони ин коргоҳи бузург нигаронида мешавад. Дар ин росто корҳои зиёде анҷом шудаанд ва дар оянда низ нақшаҳои мукаммал тарҳрезӣ мегарданд.Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» соли 1976 оғоз ёфт. Иқтидори лоиҳавии он ба 3600 МВт баробар аст ва он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди 335 метр муайян шудааст. Вале бо сабабҳо ва воқеъаҳои маълум корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот мавқуф гузошта шуд ва бунёди он ба таъхир афтод. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошу тасмимҳои созандаи бунёдгузори «Роғун», Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дубораи оғози сохтмон ба миён омад. 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Ҳамон рӯз дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлкунак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. 9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд, ки дар натиҷа, нерӯи барқи тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. “Роғун” пас аз такмили пурра бо тавлиди солона 13 миллиард киловат/соат неруи барқ кишвари моро дар минтақа ба бузургтарин содиркунандаи энерегияи арзону аз назари экологӣ тоза ва ба яке аз таъминкунандагони сиёсати энергетикии минтақа табдил хоҳад дод.Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Баъди пурра ба кор даровардани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем». Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси сайёра ба шумор меравад.Солҳои охир талабот ба нерӯи барқ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ мунтазам афзоиш меёбад ва тибқи пешгӯии мутахассисон, талабот ба он то соли 2030 нисбат ба ибтидои асри бистуякум қариб чор баробар зиёд мегардад. Барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ бояд таъминоти кафолатноки нерӯи барқ таъмин карда шавад. Тавре Пешвои миллат таъкид намуда буданд, маҳз бо ҳамин мақсад, яъне таъмин намудани пешрафти босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он мо рушди соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегии миллӣ эълон кардаем. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кумак мерасонад. Мавриди зикри хос аст, ки тӯли ин солҳо аз ҷониби Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон — сарпарасти маънавии НБО “Роғун” ва зерсохторҳои он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати харидорӣ гардидани саҳмияҳои нерӯгоҳ аз ҷониби аҳолӣ корҳои мушаххаси таблиғотӣ ба роҳ монда шуд. Кормандон ва аъзои фаъоли ҳизб низ дар ин самт хеле фаъол ва намунаи ибрат буданд. Аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб ҷиҳати дастгирии заҳматкашони нерӯгоҳ борҳо корвонҳои ғизо ташкил гардид. Ин навбат низ миқдори зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ аз номи роҳбарияти олии ҳизб ба кормандони ин иншооти бузурги аср тақдим шуд. Дар бахши маънавӣ ва фарҳангӣ низ масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар Нерӯгоҳ борҳо мулоқоту барномаҳои фарҳангӣ ташкил намуда, барои фароҳам овардани истироҳату фароғати кормандон ва рӯҳбаланд намудани онҳо ҳамеша саҳмгузорӣ менамояд.Дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб ва мухбири махсуси нашрияи марказии ҳизб «Минбари халқ» фаъолияти доимӣ дошта, ба мардуми кишвар аз навидҳои тозаи ин иншооти бузург паём мерасонанд. Имрӯзҳо дар нерӯгоҳ 853 нафар аъзои ҳизб фаъолият намуда, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд. Дар ҳамоиши имрӯза ба нишони эҳтиром ва иродату самимият аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кулли аъзои он ба Директори генералии НБО “Роғун” дар вазъияти тантанавӣ армуғон супорида шуд.Ҳамчунин, ба миқдори 1000 адад китобҳои илмиву бадеиву публитсистӣ барои китобхонаи неругоҳ ҳадя гардида, изҳори умед карда шуд, ки ин китобҳо мавриди омӯзиш ва баҳрабардории аҳли заҳмат қарор мегиранд.Бо далели натиҷаҳои назаррас дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин неругоҳи бузурги аср якчанд кормандони фаъоли он бо Ифтихорномаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ сарфароз гардонида шуданд. Чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони шоистаю маҳбуби кишвар ба ҳамоиш ранги дигар бахшид. Боиси хушнудист, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти халқи сарбаланди мо марҳалаи нави пешрафтҳо, ободкориҳо ва созандагиҳо асос гузошт. Ин тантанаҳои шодиву сурур давраи худсозиву худафрӯзӣ ва кӯшиши навбатии миллат барои расидан ба зиндагии шоиста арзёбӣ мегардад. Мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва руҳияи баланди ватандорӣ тамоми саъю талоши худро сафарбар менамоянд.Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки замони соҳибистиқлолиро давраи босамари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ номем, зеро баробари ба истифода додани ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», иншооти пуриқтидори гидроэнергетикии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва якчанд хатти интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта шуданд. Татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000, азнавсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроқум”, нерӯгоҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бунёди даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар мамлакат аз кишвари содиркунандаи қувваи барқ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Таъкид гардид, ки барои ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат якдилӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузург буда, баргузор намудани чунин чорабиниҳои фарогир ва қадрдонии онҳо аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Тақвият бахшидани чунин иқдомҳо дар оянда ба хотири пешравии фаъолият, дилгармии меҳнаткашон, қадрдонии онҳо ва мустаҳкам намудани дӯстиву якдигарфаҳмӣ таъкид гардид. Шоистаи таъкид аст, ки дар ҷодаи расидан ба Истиқлоли энергетикӣ Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рамзи муттаҳидӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ободкориву созандагии Тоҷикистони маҳбуб дониста мешавад. Халқи бонангу номуси тоҷик бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба орзуи деринаи худ – сохтмони иншооти бузурги аср расид ва бо шиори ояндасози «Тоҷикистон, ба пеш» ба сӯи фардои дурахшон ва нусратҳои тоза қадам мегузорад.