
“Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд,- ин каломро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ироа намуданд.
Пиронсолон, ин хазинаи бебаҳои инсоният, хираду дониш, чораю тадбир, таҷрибаю маърифат ва дифоъгари анъанаҳои аҷдодӣ мебошанд. Ҳамасола 1-уми октябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи пиронсолон ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки 14-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ 1-уми октябрро ҳамчун Рўзи байналмилалии пиронсолон ё худ одамони калонсол эълон намудааст. Дар ибтидо Рўзи пиронсолон дар Аврупо, баъдан дар Амрико ва дар охирҳои солҳои 90-ум аллакай дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешуд.
Мақсад аз таҷлили ин рӯз, ҷалб намудани диққати ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамаи одамони сайёра ба мушкилоти ашхоси калонсол мебошад.
Дар Тоҷикистон ин ид нахустин бор соли 1993 ҷашн гирифта шуд. Он замон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар тамоми муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ чорабиниҳои алоқаманд гузаронида шуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки кишвари мо бо Сарвари ҳалиму меҳрубонаш ба ин қишри ҷомеа диққати махсус медиҳанд. Шароити буду боши онҳо имрӯзҳо дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Ҳамин аст, ки афзоиши синни давомнокии ҳаёт дар кишвари мо сол аз сол боло рафта истодааст. Боло рафтани афзоиши синни давомнокии ҳаёт далели он аст, ки сатҳи зисту зиндагӣ ва хизматрасонии тиббӣ барои пиронсолон дар сатҳи хело хуб қарор дорад.
Бояд гуфт, ки маълумот оид ба афзоиши давомнокии ҳаёт дар кишвар нахустин бор аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 садо дод, ки дар он омадааст: «Агар дар соли 2000-ум дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011-ум ба 72,5 сол баробар шудааст». Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 бошад, чунин қайд шудааст: «Дар ин сол аҳолии кишвар дуюним фоиз афзуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон 73,4 солро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум беш аз 5 сол зиёд аст».
Инчунин, дар мамлакати биҳиштосои мо ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мешавад: «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвари мо барои пиронсолон маконҳои бурду бош фаъолият дошта, дар онҳо пиронсолон зери ғамхории Давлату ҳукумат ва Пешвои миллат умр ба сар мебаранд. Дар баробари мақомотҳои марбута, тамоми қишри ҷомеаро мебояд нисбат ба пиронсолон ғамхорӣ зоҳир намоянд. Зеро ғамхорӣ ба ашхоси эҳтиёҷманд, ҷузъе аз фарҳангӣ мо-тоҷикон мебошад.