Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов — HHDT

Мулоқот бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳоро дар ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуданд.Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, кибер-ҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо таҳмили идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ карданд.Вобаста ба вазъи мураккаб дар Афғонистон масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир муҳокима гардид.Дар ин зимн аҳаммияти иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ” таъкид гардид.Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои истирдод ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, баррасӣ гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028