Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи мактаби рақами 5 дар шаҳри Хоруғ — HHDT

Ифтитоҳи мактаби рақами 5 дар шаҳри Хоруғ

29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро ифтитоҳ карданд.Бинои таълимӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд бо харҷи 9 миллиону 862 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 омӯзгоронро бо истифода аз имкони замонавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим вазифадор намуданд.Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна ва 22 синфхонаи барҳаво иборат мебошад. Шароит барои омӯзиш мутобиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шуда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиё, физика ва биология илмҳои дақиқро аз худ намоянд.Дар синфхонаи компютерӣ хонандагон технологияи муосирро аз бар мекунанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар сурати истифодаи мақсаднок аз имкони фароҳамшуда хонандагон метавонанд дар самти ихтироъкорӣ ва тавсеа бахшидани навовариҳои илмӣ дастовардҳои худро афзун гардонанд.Ин тадбир дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои пешрафти тафаккури техникии хонандагон, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастраси пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтирокорӣ ва навоварӣ мусоидат мекунад.Муҳассилин метавонанд дӯзандагӣ, хӯрокпазӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ ва дигар ҳунарҳоро дар синфхонаҳои таълими меҳнат, ки барои духтарон ва писарон дар алоҳидагӣ ташкил карда шудааст, аз худ намоянд.Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ имкон фароҳам овард, ки дар шаҳри Хоруғ тавассути бунёду навсозии муассисаҳои миёнаю олии таълимӣ шароити замонавӣ барои омӯзиш фароҳам оварда шавад.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таълимро барои хонандагон дар мамлакат аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028