Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мавриди баҳрабардори қарор гирифтани хати оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ — HHDT

Мавриди баҳрабардори қарор гирифтани хати оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.Татбиқи лоиҳаи азнавсозии хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшо моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида буд.Дар доираи амалишавии лоиҳа 240 оила аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷоми корҳоро барои дастраси пайдо намудани мардум аз оби тоза муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд таъмин гардида, наздики 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.Об аз ҷуқурии 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр то маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрас карда шудааст.Норасоии оби ошомидани дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асоси ба ҳисоб мерафт. Давоми солҳои охир дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва маблағгузории маҳаллӣ барои беҳтар намудани дастраси ба оби тозаи нӯшокӣ натиҷаҳои баланд ба даст омаданд.Айни замон низ тадбирҳо ҷиҳати бо оби ошомидани таъмин намудани мардум идома дорад ва ҳамагон оянда аз имконти беҳтари хизматрасони дар ин самт баҳрабар мешаванд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028