Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ — HHDT

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори барҳавои варзиширо ифтитоҳ карданд.Минбаъд наврасону ҷавонони маркази вилоят метавонанд дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд бардоранд.Бунёду ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ ва дар ин замина беҳтар намудани имконият барои машқи бадан имкон фароҳам овард, ки ҷавонон аз шароити замонавии соҳа баҳравар шаванд.Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзалияти солимӣ барои ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёд намудани толору майдончаҳои варзишӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба сокинон муборакбод гуфтанд.Сарвари давлат ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд дода, ҷавононро барои ҳарчи бештар ба варзиш ру овардан, ҳидоят намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028