
Санаи 28-уми сентябри соли равон дар “Шаҳраки 64”-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло бо интихобкунандагон ва сокинони шаҳраки мазкур вохӯрӣ доир гардид.Дар оғози вохӯрӣ вакил А.М Шоҳиён ҳозиринро ба ҷашни фархундаи миллат- 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.Дар давоми баромадашон Абдураҳим Шоҳиён зикр намуд: “Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид, ки ҳамаи ин аз меҳнату замҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад”.Зимни мулоқоташ ба сокинон таъкид намуданд, ки ба масъалаҳои мубрами рӯз диққати ҷиддӣ диҳанд. Аз ҷумла, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, назорати ҷиддии ҷавонону наврасон ва ҷалби онҳо ба донишомӯзи дар асоси риояи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд”, «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзиму анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон» инчунин оид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва созандагию бунёдкориро ба роҳ гузоранд.Дар охири вохӯрӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии №25 Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ба суолҳо ва пешниҳодҳои аз тарафи истиқоматкунандагони шаҳраки 64-ум ирсолшударо ҷавобҳои мушаххас гардонда, бори дигар ҳамаи иштирокчиён ба созандагию бунёдкорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойбарҷо мондани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ раҳнамун сохт.