Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
НАХУСТИН ХИШТИ ПОЙДЕВОРИ КОХИ МИЛЛАТ — HHDT

НАХУСТИН ХИШТИ ПОЙДЕВОРИ КОХИ МИЛЛАТ

Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.
Эмомалӣ РаҳмонБале, забон қуввату матонатеро дорост, ки намояш бисёр нарму фараҳбахш ва бунёдаш қавию тавоност, зеро забон муӽимтарин воситаи муоширати байни одамон аст. Ҷомеа ва забон ҳамзамон пайдо шуда, ташаккул ёфтаанд ва падид омадани ҳар ду ҳам бо заҳмату фаъолият алоқамандӣ дорад. Маҳз, дар натиҷаи заҳмату фаъолият инсоният ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Дар масири дигар омилҳо фаъолияти пурсамару бунёдкорона ба рушди забон мусоидат хоҳад кард. Зеро ҳар қадар ҷомеа пеш равад, рушд кунад, инкишоф ёбад, забон низ ҳамон қадар рушду инкишоф хоҳад ёфт.

Барҳақ, забон яке аз муҳимтарин унсури муайянкунандаи побарҷойии миллат, омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадманди мо аст, зеро:Дар тани миллат чу ҷон бошад забони модарӣ,Беҳтарин ганҷи ҷаҳон бошад забони модарӣ.Миллате, ки мекунад хораш, бигардад бенишон.Появу ному нишон бошад забони модарӣ.

Маврид ба зикр аст, ки забони тоҷикӣ миёни забонҳои дунё ҷою мақоми шоиста дорад. Зеро қофиласолори адаб Рӯдакӣ фармояд, ки бо арзишмандию беназирӣ ин забонест чу гавҳар «дурпош гардад ба маънӣ», ҳаким Фирдавсӣ таъкид кунад, бо устуворию побарҷойӣ чун кохест, ки «аз боду борон наёбад газанд», бо нафису латиф будан устод Айнӣ гӯяд, «суханро чун арӯсон зеб дода». Ин гуфтаҳо далел барои фараҳмандию шодӣ аст, ки дар ҳама давру замон миллати тоҷик “сипари боэътимод”, ганҷи гаронбаҳои ниёгон – забони модариро аз даст надодааст.Барҳақ, забони тоҷикӣ беҳтарин ганҷ ва бузургтарин неъмати халқи фарҳангсолору тамаддунофари мост, зеро он тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи моро ифода мекунад. Мо таърих ва фарҳанги куҳанбунёди хеш, матнҳои беш аз ҳазору дусадсола, эҷод ва осори ҷовидонаи садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари тоҷикро имрӯз маҳз бо ин забони нобу шево мехонему мефаҳмем, зеро “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо сиёсати забон нақши меҳварӣ дорад ва заминаҳои бунёдии он – нумӯ ёфтани ифтихори миллӣ, кашфи роҳу василаҳои амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат ва рушди забон дурандешона ва хирадмандона тарҳрезӣ гардидааст, чунки «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».Оре, бо шарофати Истиқлол, ки имсол 30-солагии ин “рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикро” ҷашн гирифта истодаем, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забон дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон рӯз аз рӯз афзун шуда истодааст. Маҳз, бо иқдому ташаббус, бо ибтикору пайкор ва бо сарварию роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ин дастоварду нусрат расидааст. Чунончи: “Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар тӯли сӣ соли соҳибихтиёрӣ барои таъмин намудани пешрафти забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи возеҳи ҳастии миллати тоҷик ва асоси маънавиёту худшиносии тоҷикон корҳои назаррас анҷом дода шуданд”.Махсусан, асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” дар илми забоншиносию тоҷикшиносии ватанию ҷаҳонӣ мақоми меҳварию бунёдиро гирифт. Дар ин шоҳасар таъкидан хусусияти муҳими ин забон нишон дода шудааст: “Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофаринии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид. Сифати дигари забони мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст».Ҳамчунин, барои таъмини пешрафти ин рукни асосии пойдории миллат бунёду таъсиси муассисаҳои таълимии томактабӣ, умумӣ, коллеҷу литсейҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, симо ва садои миллӣ, шӯроҳои илмӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баргузории олимпиадаҳо, озмунӽои «Фурӯғи субӽи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» тасдиқи барномаҳо дар ин самт, аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» (аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647) ва амсоли инҳо далели гуфтаҳои болост.Бояд гуфт, ки дар бахтномаи миллат – Конститутсия ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудани забони тоҷикӣ боиси сарфарозист. Ҳамчунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Қабул гардидани қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ боз як қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ ва боз ҳам тавсеа бахшидани вазифаҳои ҷамъиятии он гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон қайд карданд, ки эҳтироми мардуми соҳибмаърифати мо ба китобу китобхонӣ яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷикист. Аз ин ҷост, ки “Бамаротиб зиёд гардидани чопи китобҳои нав, бознашри асарҳои мондагори нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, аз ҷумла, силсилаи «Ахтарони адаб», инчунин, осори адибони номвари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ на танҳо ба рушди забондониву суханронии оммаи васеъ, балки ба густариши худогоҳии миллӣ, тавсеаи ҷаҳони маънавӣ, боз ҳам боло рафтани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, махсусан, насли наврасу ҷавон ва арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд”. Иқдомоти навину мондагор ва сазовору шоистаи таҳсин , ки ҳоло дар ин росто амалӣ гардида истодааст, бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад”.Ҳамчунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлол, мо ҳанӯз ҳам дар оғози марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем”. Аз ин ҷост, ки гуфтаанд:Худшиносӣ бо забони миллат аст,Ҳар касе дорад забон, бодавлат аст.Бале, забони модарӣ оинаи таърих ва давлатдорӣ, беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат, омили муҳими иттиҳод аст. Моро зарур аст, ки бо масъулияти волои худшиносию худогоҳӣ бидонем, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст ва ҳамеша бикӯшем, ки дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо гирифтани ҳисси ҳифз ва эҳтироми самимӣ ба забони модарӣ ҷовидона ва абадӣ бошад, яъне ин забон аз насл ба насл поку беолоиш ва бегазанд ба мерос гузарад ва бояд суханони Пешвои миллатро аз Паёми солҷашн шиори ҳамешагии хеш бидонем, ки фармудаанд: “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем. Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад».Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди кишвар дар ин солҷашни таърихӣ дар саргаҳи таҷлили иди фархундаву муборак – Рӯзи забон қарор дорад ва ин иди бошукӯҳро бо сарафрозию шукргузорӣ ҷашн мегирад. Мо бояд дар пайравӣ ба Пешвои миллат сидқан барои пешрафту шукуфоии забон, ки мероси аҷдодон аст, забони модарии адибон, шоирон, олимон, мутафаккирони миллат аст, инъикосгари табиат ва оҳанги гуфтори миллӣ ва шуури миллист, талош варзем. Бикӯшем, ки пояи забони модарӣ таҳким ёбад, ҳамчунин забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ, ки дорои манзалати давлатист, бимонад, омӯзиши ин забон босифат ва пурсамар бошад, ҷараёни омӯзиши забон ҳам барои соҳибзабонон ва ҳам барои дигарон бо равиши наву муосир роҳандозӣ гардад, китобу дастурҳои илмӣ бо назардошти ҳифзи аслияти забон таҳия гарданд, барои омӯзиши амиқи ин забон луѓатномаҳои пешину муосир ба таври муқоиса мавриди истифода қарор гиранд, тарзи гуфтор ва тарзи навиштор бо ҳам чун омезиши ширу шакар бошанд, ҳусни баёни ин забон гиромӣ бошад, дар омӯзиши забони хориҷӣ мутакко гардад ва ҳамеша дар иҷрои рисолати ҷамъиятии хеш пешсаф бимонад.Жило Гулназарзода – доктори илми филология, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028