
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулони соҳа, бахусус ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастури мушахас дода буданд, мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ гардида буд.Даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур аз 2 то 4 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Иттилоъ медиҳем, ки тибқи низомонома то имрӯз дар се марҳила- дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, ҷамоати деҳот, минтақа ва вилоятҳо мусобиқаи мазкур гузаронида шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.