Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Шуғнон — HHDT

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Шуғнон

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон нахуст дар маркази ноҳия-Шаҳраки Ваҳдат майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, ба истиқболи ҷашни фархундаи сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ҳамчун туҳфаи идона ба ҷавонону наврасони ин ноҳияи дурдаст тақдим гардид.Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи мазкур тибқи дархости сокинони маркази ноҳия бо беҳтарин шароиту имкониятҳои тамрин ва бозии футбол бунёд гардидааст. Барои машқ ё бозии шабона ҳам дар майдонча шароит муҳайё мебошад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, Президенти мамлакат аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.Ҷавонони ноҳияи Шуғнон бо арзи сипосу эҳтиром ва қадршиносӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба таҳсилу омӯзиш, фаъолияти меҳнатӣ ва умуман ҳаёти рӯзмарраи онҳо, қавл доданд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва номбардори Ватану миллат хоҳанд шуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд адад тӯби футбол тақдим карда, ба фаъолияти ин майдончаи варзишӣ оғоз бахшиданд.Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Шуғнон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Тибқи маълумоти масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон як мактаби махсус ва 48 майдончаи хурди варзишӣ фаъолият мекунад.Чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бештар аз 50 фоизи аҳолии ин ноҳияро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва табиист, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш дар ноҳия хеле зиёд аст. Ифтитоҳи чунин як майдончаи замонавии варзишӣ, ки дар ин минтақаи дурдаст назир надорад, шавқу ҳаваси наслҳои ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар хоҳад кард.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028