Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҷамъбасти мусобиқаи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” — HHDT

Ҷамъбасти мусобиқаи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани беҳтарин дастаҳои ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мусобиқаи варзиширо аз рӯйи намуди футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳакам намудани робитаи дӯстӣ, таъмини иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2021”, “Барномаи пешазинтихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва “Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025” мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаҳои интихобӣ ва ноҳиявӣ 122 даста иштирок намуда 12 даста ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифта буданд.

Дар ин замина, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи низомнома марҳилаи 3 – юми мусобиқаи футболи хурдро миёни дастаҳои ғайрикасбии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз санаи 15 то 24-уми сенятбри соли ҷорӣ то ба имрӯз миёни дастаҳои шаҳраку маҳаллаҳо 14 мусобиқа сурат гирифта, ғолибон муайн гардид

Маросими ҷоизасупорӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии оғоз гардида, ба ғолибону иштирокчиён ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот тақдим карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар маросими ҷоизасупориӣ Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душаннбе Иброҳим Мирзозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва ҷавонони фаъоли шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт иштирок намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи 3 – юми мусобиқаи футболи хурдро миёни дастаҳои ғайрикасбии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҷойи аввал насиби дастаи футболбозони мащаллаи Шафақ-2 ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи дуюм насиби дастаи футболбозони маҳаллаи Меҳнатободи ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони маҳаллаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ гардида, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳхат ёфтаанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028