Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Тоҷикистон аз минбари СММ зуҳуроти беқонунӣ, куштор ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум намуданд — HHDT

Президенти Тоҷикистон аз минбари СММ зуҳуроти беқонунӣ, куштор ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум намуданд

Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тариқи видеоконфронс изҳор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз он изҳори таассуф намуданд, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.

Маврид ба зикр аст, таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад.

Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028