Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаи имрӯзаи Панҷшерро фоҷеаи гуманитарӣ арзёбӣ намуданд — HHDT

Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаи имрӯзаи Панҷшерро фоҷеаи гуманитарӣ арзёбӣ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш тариқи видеоконфронс дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вазъияти бавуҷудомадаи имрӯзаи вилояти Панҷшери Афғонистонро фоҷеаи гуманитарӣ арзёбӣ намуданд.

«Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем, — тазаккур доданд Сарвари давлати Тоҷикистонва илова намуданд: — Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад».

Бояд зикр намуд, ки ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввал, инчунин, кумакҳои башардӯстона  қатъ шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 сентябр зимни нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ  бо Сарвазири Покистон Имрон Хон бар он таъкид намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати «Толибон»* пас аз эълони ИМА дар бораи азми хуруҷи неруҳои низомии худ аз Афғонистон амалиёти густурдаро барои назорат бар Афғонистон оғоз карданд. 15 август президент Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, кишварро тарк кард ва толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.

Неруҳое, ки бо қудрати ифротгароён розӣ нестанд, дар Панҷшер муқовимат ташкил карданд, ки ба он Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳури саҳроӣ Аҳмадшоҳи Масъуд (1953-2001) раҳбарӣ мекунад. Ноиби президенти пешин Амруллоҳ Солеҳ, ки худро иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат эълон кард, даъват намуд, ки ӯро дастгирӣ кунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”

__________________________________

*«Толибон» — ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028