Эммануэл Макрон дар саҳифаи Facebook таассуроташро пас аз боздиди Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон пас аз боздид аз  Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар саҳифаи худ дар facebook тааассуроташро бо забони тоҷикӣ чунин баён доштааст:

«Хуш омадед ба Порис, президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Хушнудам, ки имрӯз ҳамроҳ бо Шумо намоишгоҳи “Тоҷикистон, дар сарзамини дарёҳои тиллои”-ро дар Музеи миллии ҳунари Осиё, Музеи Гиме дар маркази пойтахти мо, тамошо кунам.

Ин намоишгоҳ дастоварди заҳмати чандинсолаи бостоншиносону музейгардонҳои тоҷику фаронсавӣ аст. Ман бо ифтихор ин кори муштараки ду кишвари моро табрику таҳният мегӯям.

Фаронса ва Тоҷикистон имсол 30-юмин солгарди роҳандозии равобити дипломатиро ҷашн мегиранд, ки онҳо бо эътимоду муколамаи наздик дар масъалаҳои амниятӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣву фарҳангӣ ишора шудаанд».

Ёдовар мешавем, ки  барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.

 АКСҲО: аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар» ва скриншот аз саҳифаи facebook-и Президенти Фаронса Эммануэл Макрон









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028