Андеша: Пешвои миллати рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ

Боиси ифтихор ва сарбаланди тоҷикон аст, ки имрӯзҳо Қаҳрамони миллии худро бо номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон доранд.

Ба мо маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия анҷом доданд. Дар сафари кори худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари Подшоҳии Белгия бо Аълоҳазрат Филипп мулоқот намуданд. Пешвои миллат дар мулоқот Подшоҳии Белгияро ҳамчун кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо мансуб донистанд.

Баҳри пешрафти кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот соҳаҳои энергетика, саноат ва ҷалби техналогияҳои муосир ба иқтисоди Тоҷикистонро муҳокимаронӣ намуданд, ки боиси ояндаи дурахшонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

         Барои мо ифтихор аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон бо иқдомҳои наҷибу дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар масоили глобалии об ва иқлим аз ҷониби Подшоҳии Балегия ҷонибдорӣ карда шуд.

         Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро вазъи амниятии Афғонистон нигарон кардааст, ки маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузошанд. Пешвои миллат борҳо таҳкид намуданд, ки “Қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад”.

Дар мулоқот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳии Балегия оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот ҷиҳати  ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори ҳамкорӣ намуданд, ки баҳри пешрафту зиндагии арзанда барои мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар ин рӯзҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон дар қазияи кишвари бо мо дӯсту ҳамзабон Афғонистон беназир буда, мавқеи Тоҷикистон барои сулҳу субот бо иқдомҳои Пешвои миллат баҳри ояндаи дурахшони кившар самараи нек хоҳад гузошт.

Фозилзода Шуҳратҷони Мақсуд – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028