АНДЕША: Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп

Зимни мулоқот бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп масоили амнияти Осиё барраси карда шуд. Зеро воқеаҳои охир, ки дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон рӯй дод, тамоми ҷаҳонро водор мекунад, то ки нисбати амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ чораандешӣ намоянд.

Имрӯз тамоми дунё новобаста аз қавму нажод бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза мебаранд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз субъекти фаъоли мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарнок буда, пайваста дар байни аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳии пешгирикунанда доир карда истодааст ва дар ин самт кишвари мо ташаббускор ва мизбони якчанд конференсияҳои сатҳи ватанию байналмилалӣ низ буд.

Новобаста аз мавқеи ҷуғрофии мо ва амнияти осоиштаи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ наметавонад дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм бетараф бошад. Чунки террорзим ё худ пайравони он як минтақаи муайяни оламро не, балки кулли сайёраро эҳтимол дорад, фарогир бошад.

Бинобар ин, мо ҷавонон, шаҳрвандони фаъоли кишвари худ терроризм ва ифротгароиро шадидан маҳкум мекунем! Гузаштаи на чандон дур барои миллати тоҷик собит кард, ки ҷалби ҷавонон ва ифротгаро кардани онҳо чӣ сахтиҳоеро бо талафоти ҷуброннашавандаи ҷонию молӣ боқӣ гузошт.

Дар ин ҷашни пуршукуи ватан 30-солагии истиқлоляти давлати  Точикистон мизбони чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Ҳамкории Шанхай,  Душанбе пойтахтии фарҳанги Итиҳоди Давлатҳои  Мустақил ва яке аз таърихтарин чорабинӣ барои миллати тоҷик ин 30-юмин солагрди истиқлол  аст ва мо ҷавонон ин чорабиниҳои  сатҳи ҷаҳонӣ ва дохилиро бо Пешвои ҷаҳонпарвари миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои  миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтем.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он, табодул афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Неъматов Д- Мутахассиси шуъбаи Таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028