Аз хиёнати наҳзатӣ то огоҳии ҷавонон аз ячейкаҳои террористӣ

Имрӯзҳо экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад ва мураккабии он низ аз ҳамин вазъият вобастагӣ дорад. Дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, махсусан дар шароити рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таҳдиду хатари экстремизму терроризм рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву экстремист, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.Дар зимн бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз таъсири экстремизми динию сиёсӣ зарару зиёни бештар дидааст ва ин таҳдид то ҳанӯз мавҷудияти худро нигоҳ медорад. Зеро чунин вазъият пеш аз ҳама ба шароити таърихии давлат ва мавқеи ҷуғрофии он асоснок карда мешавад. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо аз он давлати пуриқтидор иқтисодиёти фалаҷгардидаро ба мерос гирифт. Дар чунин вазъият давлатро зарур меомад, ки дар навбати аввал рушди иқтисодию иҷтимоиро ба амал барорад, аммо дар ин самт нооромиҳои сиёсӣ монеаи ҷиддӣ эҷод намуданд, гузашта аз ин, кишварро ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ фаро гирифт. Ин ҷанг барои Тоҷикистон зиёни худро зиёд расонид. Талафоти ҷонӣ, вайрон шудани объектҳои иқтисодӣ, ба вуҷуд омадани бӯҳронҳои сиёсию маънавӣ, фирори мағзҳо ва ғайраҳоро метавон ҳамчун хисороти ҷанги мазкур номид. Аммо дар баробари ин, боз ҷанги шаҳрвандӣ барои фаъол гардидани ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ низ шароит фароҳам овард. Инчунин, тафаккури анъанавии аҳолии Тоҷикистон аз тарафи дигар барои фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ мусоидат намуд.Аз ин лиҳоз, таъсири манфии омилҳои динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва чунин ҳолат сабабҳои мушаххаси худро дорад. Зеро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Инчунин баъди ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” то сентябри соли 2015 дар фазои сиёсии мамлакат ҳизби сиёсии динӣ амал менамуд, ки чунин ҳолат дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба назар намерасад. Боиси нигаронист, ки дар раванди ҷаҳонишавии бошиддат ва бархӯрди тамаддунҳо гурӯҳҳои экстремистию террористӣ интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати воситаи фаъ-оли тарғибу ташвиқотӣ истифода намуда, бемамоният маводҳои экстремистии шеваҳои гуногунро аз варақаҳо сар карда, то дискҳои мазмуни экстремистидошта, паҳн менамоянд.Дар асл, дар замони муосир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардидани ҷавонони кишвар ва онҳое, ки дар муҳоҷират қарор доранд, воқеияти бебаҳс аст. Аммо таассуфовар он аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва тундгароие низ мавҷуданд, ки аҳолии мамлакатро ба иғвоангезиву хурофотпарастӣ маҷбур менамоянд. Аз ҷумла, тӯли чанд соли охир фаъолияти Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ чӣ дар хориҷи мамлакат ва чӣ дар дохили он ячейкаҳои гуногуни худро ташкил намуда, кушоду равшан мардумро ба ҷангу хунрезӣ даъват намуда истодаанд. Бахусус, ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ва иттиҳодияи террористию экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси наҳзатиён ташкил шудаву аз тарафи тундгароёни исломӣ ҷонибдорӣ мегардад, тӯли солҳои охир дар шабакаи интернет хеле фаъол шуданд. Фаъолони ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба таври кушод Ҳукумати мамлакат ва низоми сиёсии кишварро, ки хусусияти демократӣ ва дунявӣ дорад, маҳкум намуда, сарнагун намудани ҳокимияти давлатиро мақсади худ эълон намудаанд. Инчунин онҳо дар шабакаи интернет сомонаи иттилоотӣ таъсис дода, ҳар гуна иттилооти бардурӯғ ва таҳқиромезро, ки метавонад ба шуури шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонад, паҳн менамоянд. Ҳамзамон, экстремистону террористон нисбати рӯҳониёни анъанавии динӣ ва сохтори дунявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати душманона дошта, мехоҳанд, ки имиҷи сиёсии кишварро дар сатҳи байналмилалӣ паст гардонанд. Бехабар аз он ки тири онҳо хок хӯрдааст ва дар бораи паҳн гардидани иттилооти бардурӯғ аз ҷониби наҳзатиён ва дурӯғпардозию буҳтонситезии онҳо олимони ватанӣ посухҳои саривақтӣ додаанд ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро доимо ошкор месозанд.Яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ зуҳури исломи сиёсӣ ва ташаккули экстремизми динию сиёсӣ маҳсуб меёбад, ки он на танҳо дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ҷомеаро ноором сохт, балки рушди кишварро ба даҳсолаҳо ба қафо кашид. Гузашта аз ин, даҳсолаи дуюми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ бо давраи хеле ҳассос рост омад, ки ин марҳилаи таърихиро то кунун ҳамчун имтиҳони таърихӣ барои миллати тоҷик номидан мумкин аст. Зеро дар ибтидои асри 21 зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ аз сатҳи маҳаллӣ ба сатҳи минтақавию байналмилалӣ рафта расид.Бояд хуб дарк кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол аз лиҳози таъсири омилҳои динӣ, махсусан таъсири омили исломӣ дар самти ташаккулдиҳии давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд осебпазирии зиёд дорад. Якум ин, ки кишвар дар марҳилаҳои аввали рушду инкишоф қарор дорад ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҳанӯз ҳам мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангию идеологӣ ҷой доранд, ки чунин вазъият метавонад дар самти муқовимат бо тундгароии исломӣ монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Русия муҳоҷирони зиёд дорад, ки дар ин гуна вазъият хавфи гаравидани баъзе ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ меафзояд. Инчунин, роҳ ёфтани ғояҳои тундгароии исломӣ ба дохили кишвар ва бо роҳу воситаҳои гуногун тарғибу ташвиқ гардидани онҳо хавфи зиёд гардидани пайравони он, ба вуҷуд омадани бадбинии ҳуқуқию сиёсиро ба миён меорад. Аз ин рӯ, дар чунин шароити ҳассос барои мардуми кишвар ва махсусан ҷавонон зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстӣ зарур аст, то ки фирефтаи чунин гурӯҳҳои тахрибкор нагарданд.Шоҳзод РАҲИМЗОДА,сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028