Андеша: Пешвои миллат ғамхори тоҷикони ҷаҳон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба кишварҳои қораи Аврупо сафар намуданд. Сафари кории Пешвои миллат сараввал аз Шоҳигарии Белгия оғоз гардида, ҳоло дар Ҷумҳурии Фаронса идома дорад.

Дар ҷараёни сафари корӣ Сарвари кишвари мо бо роҳбарони як қатор сохторҳои Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо кишвари ба мо дӯст Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Зимни музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сиёсати Афғонистонро муҳокима намуда, бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуданд. Иқдоми ҷасуронаи Пешвои миллат нисбати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистан бори дигар собит месозад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ Пешвои тоҷикони ҷаҳон мебошанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуда, дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд. Зеро амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз амният дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Афғонистон вобастагӣ дорад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти кишвари моро дар самти ҳалли мушкилоти глобалии об пазироӣ намуда, дар ҳалли ин қазия бетарафӣ зоҳир наменамоянд. Исботи ин нукта бори дигар зимни суханронии Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп,  Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала ва дигар намояндагони воломақоми шоҳигарии Белгия ва созмонҳои Иттиҳоди Аврупо зоҳир гардид.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки сафари кории Пешвои миллат ба кишварҳои Аврупо мисли сафарҳои қаблӣ дар рушду нумуи соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми бориз дорад.

Ш.Наботов – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028