ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

8-уми октябри соли 2021 бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон Файзулло дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва  истироҳати калонсолон, ки дар доираи ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардида буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода гардида, бо харҷи умумии 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Майдончаи варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва  истироҳати калонсолон дар ҷои хубу муносиб дар масоҳати 4500 метри мураббаъ доман густурда, фарогири 4 суҳбаткада, 1 фаввора, 10 нишасткурсӣ ва 5 даромадгоҳ мебошад.

Роҳҳои дохилӣ ва атрофи он бо маҳсулоти ватанӣ дар масоҳати 1400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, атроф ва дохили онҳо дар масоҳати 1344 метри мураббаъ сабзкорӣ шудааст.

Дар ҷойи бозии кӯдакон беш аз 20 намуд асбоб барои бозии хурдсолон насб гардидааст, ки баҳри фароғати онҳо мусоид мебошад. Ҳамзамон, дар охири майдончаи бозии футбол, волейбол ва баскетбол бо дарозии 30 метр ва паҳноии 20 метр, баҳри тамрини бадан 5 адад асбобҳои машқкунӣ гузошта шудааст, ки сокинон метавонанд баҳри қонеъ намудани талаботи худ ба варзиш аз онҳо самаранок истифода баранд ва саломатии худро нигоҳ доранд.

Инчунин, вобаста ба талаботи муосир дар майдонча низоми обёрикунии худкор бо 270 адад обпошак фаъол аст, ки ин дар нашъунамои сабзаву гул ва беш аз 130 намуд арчаи ҳамешасабзи он мусоидат мекунад.

Шомгоҳон бошад, 33 сутунпояи равшанидиҳӣ, ки дар атрофи майдонча қомат афрохтаанд, шоми сокинонро равшану мунаввар карда, фаввораи дохили он ба рӯҳу равони сокинон оромиву осоиш мебахшад. Инчунин, иншоот бо 7 адад дурбини мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар ҷараёни бунёди он сохтмончиён ба сифати корҳо аҳамияти бештар дода, маҳсулоти онро мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда истифода кардаанд, ки ин барои солҳо хизмат кардани он ба сокинон мусоидат мекунад. Дар ҷараёни корҳо дар майдончаи варзишӣ беш аз 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Бояд гуфт, ки қаблан ин ҷо майдони валангореро мемонд, ки аз дидани он рӯҳияи мардуми ин ҳудуд хира мегардид. Ҳоло бо кӯшишу талоши аъзо ва ҷонидорони ҲХДТ ин мавзеъ ба як ҷойи ободу зебо мубаддал гардидааст, ки умедии моро ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон, Тоҷикистон ва махсусан қалби он-Душанбе бештар мегардонад.

Майдончаи варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва  истироҳати калонсолон туҳфаи идонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Душанбе дар доираи ифтитоҳи иншооти ҷашнии Ҷашни муқаддасу умумимиллиамон, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар талош мекунад.

Ин нукта дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 зикр гардида, гувоҳи он аст, ки ҳизби мо ва аъзову ҷонибдорони он дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ дар ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ, бунёди бештари боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳою гулгаштҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, махсусан шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ин самт фаъолнокӣ нишон медиҳанд.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолон ифтихорнома ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028