Оғози корҳои мумфаршкунии роҳ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саъдии деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои мумфаршкунии роҳи дарозиаш 10,4 километр ва паҳноии 5 метр оғоз гардид.Маврид ба зикр аст, ки бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз дар деҳоти Хистеварз 10,6 километр роҳҳои мошингарди дохили маҳаллаҳо мумфашр гардидааст.Дар баробари корҳои ободонӣ дар деҳоти мазкур бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар хизматрасониҳои хоҷагии халқ мавриди истифода карор гирифтаанд.Сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мисли дигар шаҳрвандони ватандӯсти кишвар аз пайи ободонию созандагии махаллу дехоти худ мебошанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028