Ифтитоҳи Кӯдакистони “Махзани илм” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мактаб — кӯдакистони “Махзани илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Мактаб-кӯдакистон бо саҳми бонуи соҳибкор Гуландом Воситова дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатии соҳибкории ватанӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бунёд гардидааст.Муассисаи мазкур бо харҷи беш аз 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тарҳу лоиҳаи хоса барои таълиму тарбияи то 160 нафар хонандагону кӯдакон пешбинӣ гаштааст.Дар муассисаи мактабӣ 40 нафар хонанадагон ба машғулиятҳои иловагӣ — омӯзиши амиқи забонҳои хориҷии англисӣ, олмонӣ, хитоӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои ин имконияту шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.Бинои муассисаи мактаби дорои 2 синфхонаи таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст.Ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибмалака ва дар раванди таълим истифода шудани адабиёти иловагӣ аз роҳу омилҳои босифати таълим ва омӯзиши забонҳо мебошад.Дар шафати мактаб бинои кӯдакистон бунёд карда шудааст, ки он аз ду ошёна бо таҳҳона иборат буда, дар шаш гуруҳ 120 нафар кӯдак тарбият мегиранд. Ҳамаи шаш гуруҳ дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, гуруҳҳо бо кату рахти хоб ва таҷҳизот, ашёву аёниятҳо тибқи меъёрҳои тарбияи томактабӣ муҷаҳҳазонида шудааст.Дар таҳхонаи иншоот асосан толорҳои варзиш ва мусиқӣ ҷой дода шудааст. Муассиса ҳамзамон дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандону маъмурияти муассиса, ҳамшираи шавқат ва равоншинос буда, иншооти захираву нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ низ аз имкониятҳои кӯдакистон аст.Раванди таълиму тарбия дар муассисаи томактабӣ асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон ҳамчунин ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва хитоӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ ҷалб карда мешаванд.Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон чор суҳбаткадаҳои мавсимӣ бунёд ёфта, девори иҳотавӣ ва дохили гуруҳҳо бо расму тасвирҳои каҳрамонони афсонавӣ мутобиқ ба завқу шавқи кӯдакон оро дода шудааст.Дигар тадбирҳои ободонӣ — кабудизоркуниву гулкорӣ дар ҳудуди муассиса мебошад.Тарбиятгирандагон дар чор вақт бо ғизои солим таъминанд ва дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо дастгоҳҳои махсус гарм карда мешавад.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд кардани шумораи кӯдакистонро дар маҳаллу деҳот барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактаби муҳим арзёбӣ намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028