Ифтитоҳи Кӯдакистони “Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабии “Зарзамин”-ро ба истифода доданд.Кӯдакистони мазкур бо фаъолияти чор гуруҳ барои тарбияти 160 нафар кӯдак пешбинӣ гаштааст.Иншоот аз 2 ошёна, гуруҳҳо — хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, толорҳои мусиқӣ ва варзиш иборат аст.Бо бунёди кӯдакистони “Зарзамин” 20 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, барои кору фаъолият мутахассисони баландихтисоси соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб гардидаанд.Раванди таълим дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ҳамзамон омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда мешавад.Бинои кӯдакистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд дар муддати хеле кутоҳ бунёд гардидааст.Дар шафати бинои асосӣ ошхона, толори маҷлис ва суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи худии гармидиҳӣ пайваст гардидааст.Муассиса бо тачҳизот, кату рахти хоб, мизу курсиҳо, аёният ва дигар ашёҳои барои таълими томактабӣ зарурӣ муҷчаҳҳазонида шудааст.Мураббиёну мутахассисон, ҳайати методии кӯдакистон бо истифода аз тарзу усулҳои фаъоли таълим дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии ба рушди таҳсилоти томактабӣ равонагашта нақши босазо мегузоранд.Президенти мамлакат таъсису корандозии муассисаҳои томактабиро барои инкишофи кӯдакон муҳим арзёбӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам зиёд намудани шумораи кӯдакистон махсусан дар деҳот вазифадор намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028