Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб

5 октябр дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арёгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.Бояд гуфт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст.Маҳз эътирофи мартабаи баробарию бародарии башарият, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин хизмати ин олими барҷаста дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд.Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028