Забони тоҷикӣ – лафзи шеъру дилбарӣ

Рӯзи ҷашни Забони модариро мо дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои волои фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.

Бузургдошти забони модарӣ, ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. 

Забони модарӣ, яке аз унсурҳои идентификатсионї, яъне инъикосгар ва шаҳодатномаи миллат маҳсуб меёбад.

Забон воситаи муошират ва ифодаи шуури инсон буда, бо дувумин сахт алоқаманд аст. Ваќте мо дар майна андешае дорем, онро ба забон ифода мекунем. Зеро шуур бе нутқ ва нутқ бе шуур рушд карда наметавонад. Фасоҳату балоѓати забон низ, аз шуури баланди инсонӣ вобастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки авлодону аҷдодони форсу тоҷик то ба замони мо забони озоду осонбаён ва ҳамзамон, гуногунпаҳлуву пурмаънӣ ва амиқу бофасоҳатро меърос мондаанд. 

Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ дар баробари забонҳои дунё тавонистааст, пояндаву устувор боқӣ монда, дар ҷаҳони тезутундиҳои сиёсӣ, дигаргуниҳои амиқи фарҳангї, бархурди тамадунњо ва миллатҳо,  нозукиву оромӣ ва ғановату фасоҳати худро нигоҳ дорад. 

Забони тоҷикӣ, ки бо он ҳар яки мо ҳарф мезанем, яке аз забонҳои қадимаи дунё ба шумор меравад. Дар тӯли чандин садсолаҳо он дар паҳнои давлати форсҳо доман густурда, ба шакли ҳозира табдил ёфтааст.

Забони муосири тоҷикӣ дар заминаи диалектҳои забони форсӣ, ки асоси таърихӣ барои се забон – тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ мебошад, ташаккул ёфтааст. Њар сеи ин забон ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешаванд. 

Бояд тазаккур дод, ки ба рушди забони қадимаи тоҷикӣ лашкаркашиҳои араб ба Осиёи Миёна таъсири бузург расонида, ба он калимаҳои бештар аз забони арабӣ ворид гардидаанду навиштаҷот ба ҳарфҳои арабӣ сурат гирифт. Дар ин замина, ташаккули забони адабӣ низ, оғоз  ёфт, ки он ба асрҳои IX-X рост меояд. 

Тақрибан, 1200 сол пеш он бо номи форсї – дарӣ номварӣ шуда, аслан дар байни аҳолӣ бештар истифода мегашт. Аммо дар давраи ҳукумронии давлати Сомониён нуфузи забони форсӣ – дарӣ боло рафт. Тавре аз таърих аён аст, сулолаи Сомониён на танҳо ба давлатдорӣ, инчунин, ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ низ, диққати зиёд медод, ки он бевосита бо забон алоқамандии зич дошт.  Рушду нумӯи илму фарҳанг ва маърифати мардуми тоҷик маҳз ба ҳамин давра рост меояд, ки нобиѓаи беҳтарини он замон Абуабдуллои Рӯдакиро  номбарӣ кардаанд. 

Дар ташаккул ва боло рафтани нуфузи забони тоҷикӣ саҳми Одамушшуаро, Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс хеле бузург аст. Маҳз Абуабдуллои Рӯдакӣ нахустин шуда, забони тоҷикии дариро дар эҷодиёти худ васеъ истифода бурд. Ӯ забони гуфтугуии мардуми оддиро ба сатҳи адабӣ ва илмӣ бароварда, дар назм калимаҳои соддаву осонбаён ва ҳамзамон пурмаъниро роиљ намуд.

Ниҳоят, дар коргузории давлати Сомониён ба ҷои забони арабӣ забони тоҷикӣ маќоми корбариро гирифт. Маҳз дар ҳамин давра диалекти  бухорої,  лањљаи мардуми пойтахти давлати Сомониён нақши муҳимро бозид. 

Тақрибан то асри XVI тоҷикону форсон бо як забони адабӣ сухан мегуфтанд, аммо бо таъсири суст гаштани алоқаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мазњабї байни Осиёи Миёна ва Эрон, дар асри 16 дар забони адабӣ ва лаҳҷаи гуфтугӯйии тоҷикї фарқияти бештар ба назар мерасидагӣ шуд. 

Ин дигаргуниҳо дар сохтори забони тоҷикӣ дар намои дигаргуниҳои ҷиддии этникӣ  ва забонӣ дар қисматҳои Осиёи Миёна ба амал омада, пеш аз ҳама бо воридшавии халқиятҳои муѓулу туркнажод ба сарзамини тоҷикнишин ва махлутшавӣ бо забонҳои муѓулї – туркӣ алоқаманд аст. Њарчанд дар асрњои миёна давлати тољикон ба дасти сулолањои салчуќу турк афтида бошад њам, забони тољикї дар маќоми худ устувор монда, забони гуфтугўи дарбор ва доирањои адабиву илмї боќї монд.

Дар нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 раванди наздиккунонии забони адабӣ бо лафзи гуфтугӯйии тоҷикӣ, оѓоз гардид, ки дар ин раванд хизмати мутафаккир ва маорифпарвари Бухоро Аҳмади Дониш хеле бузург аст. Ў, забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳои душвору такаллуфомез холӣ гардонд.

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддини Айнӣ низ, дар идомаи кори Ањмади Дониш барои ташаккул, мутобиќкунонии забони тољикї ба воќеияти замони муосири шўравї хеле зањмат кашидааст.

Номбурда кӯшиш намуд, то забони адабии тоҷикиро бо забони гуфтугӯи мардум наздиктар гардона, аз калимањои мардуми кӯњистон ба забони гуфтугуйи адабии лањљаи бухороиён, ки асоси забони адабиро ташкил медињад, ворид намуд. Устод Айнї дар асарњояш ќайд намудааст, ки дар бештари калимањои мардуми кӯњистони тољик забони аслї боќї мондааст.

Асри 20 бошад, дар таърихи забони тоҷикӣ, ки маҳз шакли адабии ҳозираи он дар ин давра сурат гирифтааст, њамчунин нақши басо муҳимро бозид. Зеро мо аз ҳуруфоти арабӣ, аз соли 1922 то 1938 ба хати лотинї ва соли 1939 ба хати кирилї гузаштан, ба таркиби забон ва хусусиятҳои он дигаргунӣ куллї ворид намуд.

Якчанд маротиба аз хати форсї ба лотинї ва боз ба форсї ва сипас, ба кирилї гузаштан ва тарљума шудани забони тољикї як ќатор мушкилот ва аз истифодаи васеъи ањолї бозмондани баъзе калимањо сабаб гардид ва дар натиља, забони тољикї каме холї монда буд.  Аммо лозим ба ёдоварист, ки забони тоҷикӣ дар асари ин  дигаргуниҳои сиёсиву фарҳангӣ, истилову кашмакашиҳо ба мисли забонҳои дигар рӯ ба нобудӣ намонд ва тавонист, баръакс рушду нумӯъ намояд. Ба дохили хеш, тавассути забони русї калимањои лотиниро, дар мисоли оддии «экспонат», «цирк», «киноматография» ва амсоли инњо ворид карда, баръакс ѓанї гашт.

Забон чунин хосият дорад, агар аз беш зиёд калима ворид шавад ба он, аз байн меравад, агар ќудрати ќабули забони бегонаро дошта бошад, бою ѓанї гардида, рушд меёбад. Забони тољикї аз љумлаи чунин забонњост ва ин боиси ифтихори мо аст.

Тавре гуфтем, забон дар ду ҳолат хатари азбайнравӣ дорад, якум иловаву такмил нагаштан ба мисоли забонҳои мурда ва дуюм, пурра маҳлутшавӣ ва азкорбарории калимаҳо бар ивази забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин миён забони тоҷикӣ бо муваффақият дар ҳолату сатҳи хеш қарор гирифта тавонист. 

Ҳоло, забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар марҳилаҳои бедоршавии миллат ва эҳёи ҳисси миллӣ, ҳанӯз дар солҳои охири давлати Шӯравӣ маќоми давлатиро соњиб гардид, ки дастоварди муҳимтарин дар он замон ба шумор меравад. 

Ҳанӯз, дар даврони шӯравӣ бо кўшишу пофишорињои олимону шоирони шинохта, роҳбарияти онваќтаи Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ба ҳифзи забони тоҷикӣ, ҳамчун муқаддасоти миллӣ аҳмияти махсус зоҳир мекардагӣ шуд ва дар натиҷа, дар Иҷлосияи Х -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 Қонуни забони тољикї ба тавсиб расида, ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ, ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд.

Азбаски, рӯзи 22 июл ба давраи таътили тобистонии мактабҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид. Аз ин рӯ, бо пешнињоди Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон  5 октябри соли 2009 баъди қабули қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо эълон гардид.

Сарвари давлат ва Њукумати Љумњурии Тоҷикистон,  аз оғози Истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ, мақоми забони давлатиро ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.

Айни замон, забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ истифода гашта, ҳуҷҷатгузориву коргузориҳо бо он анҷом дода мешавад. Ҳамин тариқ, ҳукумати кишвар кӯшиш дорад, то мақом ва сатҳи забони тоҷикиро дар пояи баланд ва сазовор нигоҳ дорад. 

Дар ин раванд бо дастуру супориши Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳияи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016», таҳия ва пешниҳоди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» амалӣ гардид, ки он бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба донистани забони давлатӣ ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, роҳбарони мақомоту муассисаҳо намунаи чунин тадбирҳо дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон лаҳҷаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки аз забони адабӣ фарқ доранд ва ин гўишу лањљањо хоси тамоми забонњои рўи олам аст. Зеро њаёту фаъолияти доираи адабї, идоракунии давлат ва ањли маърифат аз халќи ом ва тарзи њаёти онњо фарќ мекунад. Дар Тољикистон, дар замони шӯравї намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар бинобар дар бумбасти ҷуғрофӣ қарор доштанашон ба лаҳҷаҳои худ сухан мекунанд, ки ба ин масъала роҳбарияти давлат, хусусан Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар давраи  соњибистиќлолї дар баробари кушодани шоҳроҳҳои трансконтиненталӣ ба азнавсозӣ ва бунёди роҳҳои нави дохилиҷумҳуриявиро оғоз бахшиданд, ки ин амал бањри наздик гардонидани мардумони минтаќањои мухталифи кишвар сањми бузург ва ањамияти калонро соњиб гардид. 

Вале айни замон, дар доираҳои илмии филологҳои тоҷик баҳсҳо мавриди истифодаи намунаи адабии забони тоҷикӣ идома ёфта истодааст. Зеро солҳои охир ду самти асосии рушди забони тоҷикӣ ба миён омада, бештар дар матбуоти даврии ВАО истифода мегардад, ки нахуст ба арабикунонии забон ва дуюмин истифодаи лаҳҷаву гуфторҳои эронист. Вале як нуктаро бояд тазаккур дод, ки дар ташаккули забони эронӣ назар ба забони тољикї таъсири забони арабӣ бештар мушоҳида карда мешавад ва инро инкор кардан ҳам ғайри имкон аст. 

Аммо воситаи беҳтарини ҳифзи забони ноби тоҷикӣ ин дастгирии эҷодиёти халқӣ, мусоидат ба рушди фарҳанги миллӣ, интишори бештари эҷодиёти адабӣ ва илмӣ ба забони тоҷикӣ мебошад. 

Ҳоло, ҷои ифтихор ва қаноатмандии зиёд аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатии ватанамон бо забони тоҷикӣ дар арсаи байналхалқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳову қарордодҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, барои ғановати забони миллии хеш аз осори гузашта ва муосир ба пуррагӣ истифода намоем, то ин забони тавоно ва шеворо дар асри густариши равобити миллатҳо ва бархӯрди тамаддунҳо тавонову шевотар гардонем ва онро барои наслҳои оянда бо ҳама зебоиву қудраташ мерос гузорем, чуноне, ки гузаштаҳои мо ин корро анҷом дода тавонистанд.

Бошад, ки минбаъд низ, забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша устувору поянда бошад.

Имрӯз, ки дар хориҷи кишвар зиёда аз 700 ҳазор шаҳрванди тоҷик умр ба сар бурда истодаанду қисмате аз онҳо дар хориҷи кишвар муқимӣ гаштаанд, бояд ба нигоҳдории забони тоҷикӣ, анъанаву расму оин ва тарзи зиндагонии тоҷикӣ мусоидат намоянд. 

Имрӯз, боиси ифтихор аст, ки шаҳрвандони мо, ки тули аллакай 30 сол дар Фередатсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷа зиндагонӣ доранд, забони модарии худро дар ҳаёти пурталотуми кишварҳои мутараққӣ гум накардаанд ва дар оила бо забони модарӣ сухан мегӯянду фарзандонашонро бо ин забон тарбия мекунанд. 

Чуноне, Лоиқ Шералӣ, ки яке аз нафароне буд, ки барои ба мақоми давлатӣ баровардани забони тоҷикӣ кӯшиши зиёд ва пофишориҳо кардааст, чунин мисраҳоро рӯи қоғаз овард ва ҳар як фарди Тоҷикистонӣ онро аз ёд медонад, чунин гуфта буд: 

Њар кї дорад дар љањон гумкардае,

Дар замину дар замон гумкардае.

Гар яке бому даре гум кардааст,

Дигаре ному фаре гум кардааст.

Он забони њамдилї гум кардааст,

Ин забони модарї гум кардааст.

Аз тамоми ину он гумкардагон

Зиштрўтар нест дар рўи љањон

З-он ки гум карда забони модарї,

Њарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

Бок не, гар доварї гум кардааст

Ё умеди сарварӣ гум кардааст.

Зањр бодо шири модар бар касе,

К-ў забони модарї гум кардааст. …

Устод  Мӯъмин Қаноъат бошад, онро ба қанду ганҷ шабоҳат дода, ки љои шубња нест. Ў мегӯяд:

Қанд ҷӯйи, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб, ҳарчӣ меҷӯйӣ биҷӯ,

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, ҳарчӣ меҷӯйӣ биҷӯ.

Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо, ҳарчӣ мегӯйӣ бигӯ,

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ, варо,  ҳарчӣ мегӯйӣ бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст!!!

Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир давлатҳои пешрафта кӯшиш ва маблағҳо ба харҷ медиҳанд, то дар кишварҳои дигар расму оин ва забони хешро ворид сохта, ба ҳамин минвол нуфузи кишварашонро вусъат диҳанд, ки инро мо дар мисоли давлатҳои абарқудрат мебинем. Маҳз дар ҳамин миён мо бояд дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ кӯшиш намоем заминаи луғавии хешро ғанӣ гардонида, аз таъриху адабиёти бойи хеш огаҳ шавем. 

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалї Рањмон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ, аз тамоми шароиту имконот истифода менамоянд. Рушди забони давлатӣ, ки муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, яке аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мегардад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ, ҷиддият ва қатъияти томро дар тарбияи наслҳо тақозо дорад.

Дар тарбияи забономӯзии кӯдакону ҷавонон, ки синни хеле хуби рушди малакаҳои зеҳнист, бояд падару модарон низ, масъулияти бештар дошта бошанд. Чунки миллати тоҷик маҳз бо забони зебову шево ва ширину шоиронаи худ — забони тоҷикӣ, зиндаву поянда монд.

Лайлї  Ањмадова – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028