БО ЗАБОНИ ТОҶИКИИ ФОРСӢ МАРДУМОНИ БЕШ АЗ 29 КИШВАРИ ҶАҲОН ГУФТУГӮ МЕКУНАНД. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»

Имрӯз дар мамлакат Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба мақому манзалати забони давлатӣ дар ҷомеа хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳамсуҳбат гардид.

Дар оғози суҳбат Олимҷон Муҳаммадҷонзода хотиррасон шуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд.

Азамату ҷалоли давлати Сомониён аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ дар таърихи башар бебаҳотарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ маҳсуб мешавад. “Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ба хиттаи ёдгориҳои арзишманди тамаддун ворид намуда, онро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ кард, — гуфт ӯ. —  Забони тоҷикӣ, бешак, шиносномаест, ки халқу миллат ва фарҳангу тамаддуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ин забон аз қадимулайём ба худ нишонаҳои забони классикӣ дошта, дар ҷаҳон ба таври густарда вусъат пайдо кардаву асрҳо ба ҳайси забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ истифода мешуд. Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи давлати Сомониёни тоҷикзабон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири онро дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон ба олам муаррифӣ кард”.

Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода,  имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо миёни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

“Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ миёни зиёда аз 200 кишвари олам   сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои  дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад”, — гуфт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Китоби дуюми «Забони миллат-ҳастии миллат»-баёнгари мақом ва бузургии забони тоҷикист

Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр намуд, ки  асари  мондагору муҳим ва бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  — китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи ҷашни Рўзи забони давлатӣ ба миллати тоҷик пешкаш гардид, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузурги илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат ва инқилоби фикрие дар ин ҷода мебошад.

Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилолҳот,   масъалаи забон рӯй овардани Пешвои миллат дар заминаи баҳсу мунозираҳои беохир оид ба ҷойгоҳи тоҷикон дар арсаи таъриху тамаддуни ҷаҳон ва нақши забони тоҷикӣ дар ин раванди таърихӣ ба вуҷуд омадааст. Ва чуноне ки худи муаллифи ин  асари арзишманд  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

Забони давлатӣ ва ҷаҳонишавӣ

Бино ба суханони Олимҷон Муҳаммадҷонзода, ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза моро водор месозад, ки ба масъалаи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем ва ҳамчун рукни давлатдорӣ барои мустаҳкам будани пояҳои он муташаккилона кор кунем. Бо дарки муҳим будани масъалаҳои марбут ба забон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад. Ин барнома ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳамияти хос зоҳир намоянд.

Мавриди зикр аст, ки қаблан Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2012 тасдиқ шуда буд, ки дар он 6 самти афзалиятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати татбиқи он   корҳои назаррасе анҷом ёфтаанд.

Барномаи  нав ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва  натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро  оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ,  маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд. Дар баробари ин, Барнома ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим хоҳад дошт ва  бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028