Боздид аз барқарорсозии токзор дар мавзеи “Зартеппа”-и деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни барқарорсозии токзор дар мавзеи «Зартеппа»-и деҳоти Деҳибаланд шинос шуданд.Дар мавзеи “Зартеппа” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави бошишгоҳи саҳроиро мавриди истифода қарор доданд.Иншооти мазкур дорои чор толор ва ошхона буда, барои истироҳату фароғати коргарону мутахассисон пешбинӣ шудааст.Иттилоъ дода шуд, ки майдони токзор дар мавзеи “Зартеппа”, ки зиёда аз 140 гектарро ташкил медиҳад, дар ин ҷо хоҷагидорон навъҳои серҳосили маҳаллии ангури ба иқлими минтақа мутобиқро парвариш менамоянд.Дар гузашта ин мавзеъ ба хоҷагии “Мичурин” мансуб буд, ки аз ҳисоби истеҳсоли ангури хушсифат дар қаламрави кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати зиёд дошт.Бинобар таъсири баъзе аз омилҳо майдони токзор рӯ ба нестӣ овард.Бо соҳибистиқлол гаштани мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” зиёда аз 50 гектар майдони токзор барқарор гардида, мутахассисон корҳои агротехникии қаторҳо, насб намудани сутунпояҳо, кашидани ноқилҳои байни қаторҳо барои бастани ниҳолҳои токи ангур ва дигар тадбирҳои вобаста ба фаровонҳосилиро анҷом додаанд.Дар токзори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарон бо ҷои кор таъмин гардиданд.Аснои мулоқот бо зиёда аз 40 нафар ятимону бепарасторон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хониши хубу аъло, забономӯзӣ ва аз худ намудани донишҳои замони муосир ҳидоят намуданд.Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ятимону бепарасторон тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028