Ба истифода додани 8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминобод

4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари бунёду навсозии иншооти таъноти гуногун, аз ҷумла маъмурию хизматрасонӣ, саноатию сохтмонӣ ва фарҳангиву варзишӣ, роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод низ бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ гардида, барои сокинони заҳматдӯсти ин гӯшаи диёр шароити арзандаи кору зиндагӣ муҳайё мегардад.Бо мақсади фароҳам овардани имконоти зарурии рафтуомади сокинону меҳмонон роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод дар қитъаҳои алоҳида асфалтпӯш карда шудааст. Аз ҷумла, роҳи автомабилгард дар деҳаи Гулистон ба масофаи 2 километр, бо гузоштани 3 адад қубури обгузар ба маблағи 1,92 миллион сомонӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.Дар кӯчаи марказии ноҳия ба масофаи 0,6 километр роҳ пурра мумфарш гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар қитъаҳои дигар бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расонда шуд. Мавриди зикр аст, ки дар раванди созандагию бунёдкориҳо дар ноҳияи Муъминобод роҳи мошингарди деҳаи Тутқавул-Ҷалоқ ба масофаи 4 километр бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру навсозӣ гардид. Илова бар ин роҳи автомабилгарди корхонаи коркарди ангур низ ба масофаи 1,5 километр пурра асфалтпӯш карда шудааст.Сокинони ноҳияи Муъминобод аз роҳҳои ободу ҳамвор, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст таъмиру навсозӣ мегарданд, изҳори ҳушнудӣ менамоянд.Асосан роҳҳои ҳудуди дохилии ноҳияи Муъминобод 514 километрро ташкил медиҳад ва роҳҳои марказии ноҳия бошад, 28 километр буда, ҳамасола марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда мешаванд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028