«АЗ ҲАМА ЛАФЗУ ЗАБОНҲО ХУШТАРӢ…». Манзумаи тозаэҷоди шоир Содиқи Кашрудӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Имрӯз Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул шуда буд, ки он  дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ субҳи имрӯз Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи АМИТ «Ховар» интишор гардид. Дар паёми худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.

Сарвари давлат, аз ҷумла, ёдовар шуданд, ки 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Ҳамчунин ба ифтихори ин санаи фархунда шоирону нависандагон ва забоншиносону рўзноманигорон, ходимони давлатӣ ва намояндагони дигар табақаҳои аҳолӣ шеъру мақолаву нигоришҳо ба чоп расониданд, аз ҷумла Содиқи КАШРӮДӢ низ манзумаи  тозае бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ эҷод намудааст, ки онро пешниҳоди хонандагон менамоем:

* * *

Ай забони тоҷикии шаккарин.
Хуштару ширинтарӣ аз ангубин.

Коштӣ андар ҷаҳон тухми сухан,
Одамӣ аз вожаат шуд ройзан.

Э забони халқи боҳушу закӣ,
Коми ту парвард коми Рӯдакӣ.

Пири Тӯсӣ шуд зи ту соҳибсухан,
Бо ту гардид шӯҳра дар дайри куҳан.

Шуд маст Хайём аз ҷоми Ҷамат,
Борбад шуд шӯҳра аз зеру бамат.

Носиру Синову пури Ганҷавӣ,
Дар сухан, дар назм гаштандӣ равӣ.

Маснавии Мавлавӣ саршори туст,
Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ ёори туст.

Сайидову Сойибу Бедил туӣ,
Корвони назмро маҳмил туӣ.

Дигаронро низ туӣ боис ба ном,
Бар калому бар паёму бар мақом.

Ай забони Эзадии қудсиён,
Ай забони ростону бостон.

Шоҳ аз сеҳрат бишуд аз Бодхез,
Хинги худро то Бухоро дод хез.

Дар яке по мӯзаву дигар тиҳӣ,
Хинг меронд, ай забони ман зиҳӣ!

Хинги ӯро оби Ҷайҳун то миён,
Шуд сумашро реги Омул парниён.

Осмону Меҳру Моҳу ахтарӣ,
Аз ҳама лафзу забонҳо бартарӣ.

Бо ту нимхонанд намози хешро,
Бо ту бишморанд нақсу бешро.

Ину онро гаштаи ту ройзан,
Дар ҷаҳони маҳфилу шеъру сухан.

Эй забони тоҷикӣ, баҳру барӣ,
Дар мақом аз ҳар забон болотарӣ.

Булбулон бо лаҳни ту чаҳ-чаҳ кунанд,
Нағмапардозӣ ба чандин раҳ кунанд.

Тӯтиву қумрӣ ба бӯстону чаман,
Бо ту мехонанд ба ҳар сарву суман.

Гул зӣ ту андар забонҳо ҷо гирифт,
Дар ҷаму чому ғазал ово гирифт.

Чун хуш аст, гуфтан ба ту модар-падар,
Ҳам ситоиши Худои додгар.

Хуш садоят мерасад бар гӯши мо,
Дар сухан орӣ лаби хомӯши мо,

Шайх Санъон бо ту гашта номдор,
Йусуфи Канъон бо ту шаҳсавор.

Номдорон аз ту номӣ гаштаанд,
Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ гаштаанд.

Ту Авастоиву ҳам Зардушти мо,
Ту гироми ҳастӣ бар сад пушти мо.

Ай ту моро чашмаву рӯди равон,
Ай хирому ай нигоҳи оҳувон.

Ай ту моро хирмани гул дар баҳор,
Ай ту моро лолаҳои кӯҳсор.

Ай ту моро сабза дар фасли хазон,
Ай ту моро ҳарчи пайдову ниҳон.

Салсабилу Чашмаи ҳайвон туӣ,
Ҳар чизе беҳтар бувад, беҳ з-он туӣ.

Ай ту моро Монавию Паҳлавӣ,
Ай ту моро Рӯдакиву Мавлавӣ.

Ай ту моро порсиву ҳам дарӣ,
Ай ту моро лафзи поки модарӣ.

Ҳар замон ҳар гуна афсун мекунӣ,
Хештанро хуш дигаргун мекунӣ.

Ай забони сеҳрноки модарӣ,
Ай ширин аз хониши кабки дарӣ.

Ман туро фарзанду ворис гаштаам,
Ман ба ту дилбанду ҳорис гаштаам.

Нестам дур як замон аз хонаат,
Ҷой кардам баҳри худ кошонаат.

Эй забони тоҷикӣ, лафзи дарӣ,
Аз ҳама лафзу забонҳо хуштарӣ.

Ай ту моро чашмаи ақлу хирад,
Аз ту оқил мешавад ҳар бехирад.

Ай забони ширадори Рӯдакӣ,
Ай ту айёми хушии кӯдакӣ.

Булбулон аз ту сухан омӯхтанд,
Дар ғами гул бо сурудат сӯхтанд.

Тӯтӣ пеши ту шакаргуфтор шуд,
Хушнавоӣ аз ту кас натвон рабуд.

Чашма аз гуфтори ту омад ба ҷӯш,
Рӯду дарё аз ту омад дар хурӯш.

Роз мегӯӣ ба чандин шева ту,
Медиҳӣ бар ком қанду мева ту.

Ваҳшату даҳшат зи ту бегона аст,
Нармиву гармӣ ба ту ҳамхона аст.

Нест мурғе, чун ту хушхон дар чаман,
Нест ҷуз ту розгӯи ҷону тан.

Пайкарамро испару ҷавшан туӣ,
Шому шабҳои маро равшан туӣ.

Аз ту тоҷик ҷовидону зинда аст,
Ончунон Хуршеду Маҳ пойанда аст.

Варна кайҳо гаштӣ нобуд аз ҷаҳон,
Аз тири тозиву теғи кӯчиён.

Порсӣ хонам туро ё ки дарӣ,
Ину он ҳастиву қанду шаккарӣ.

Ай ту гавҳар ҳастӣ, мо гавҳаршинос,
Ай ту ҳам ҳақ ҳастиву мо ҳақшинос.

Ин санохони ҷаҳони ту манам,
Такя бар айвони ҷони ту манам.

Ҳар нигоҳам ҷон андар ҷони туст,
Бар шикасту дарди ту дармони туст.

Ман туро бо ҷони худ дармон кунам,
Он чиро мехоҳӣ ту, ман он кунам.

Тозаат созам зи ҳар лафзи ҳаром,
То ки бошӣ тоза чун моҳи тамом.

Парчамат з-ин ҳастияш боло кунам.
Арзишат болотар аз тилло кунам.

Хирманатро боз ҳам афзун кунам,
Аз танат ноҷӯриҳо берун кунам.

Ай забон, лафзи гуҳарборам туӣ,
Аз Худованд ганҷи пурборам туӣ.

Ай забони ман, сару сомони ман,
Хоку боду ганҷу обу нони ман.

Ту набошӣ, нестам ман дар ҷаҳон,
Бо ту ман ҳамстам ҷавону ҷовидон.

Ман ҷаҳонатро, забонам, шоиқам,
Бо ту ман бар хасми кӯрат фоиқам.

Ай забони тоҷикӣ, лафзи дарӣ,
Ай забони ориву ҳуру парӣ.

Банд бандам банд аст дар банди ту,
Гаштаам пайванд дар пайванди ту.

Резахӯри хирмани хони туам,
Заррае аз ҷон дар ҷони туам.

Бо забонам ҳамзабонӣ, эй забон,
Ин забонамро туӣ кавну макон.

Зинда бошу ҷовидону бегазанд,
Бо садоят зери ин чархи баланд.

Бо рақибони ту дар каш-каш манам,
Душманонатро тиру таркаш манам.

Мазраат бошад ҳамеша сабзу тар,
Хирманат пурбору киштат борвар.

Содиқам, дар роҳи ҳифзат содиқам,
Ман ба туву бар ҷаҳонат лоиқам.

АКС аз бойгонӣ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028