Тақдими туҳфаҳо ба ятимони ноҳияи Шуғнон

28 сентябр дар ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар партави хислати башардӯстонаашон ба 35 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим карданд.Туҳфаҳои Президенти мамлакат аз сару либоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буд. Аз рӯйи маълумоти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Шуғнон, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба ин кӯдакони ятим сару либоси зимистона ҳам тақдим шуда буд.Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти Президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятими кулл ва 18 каси дигар кӯдакони маъюб буданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кӯдакон, тибқи хислати башардӯстонаашон, онҳоро дилбардорӣ карданд ва иброз доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузорад ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгири онҳо хоҳад буд. “Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат Шуморо низ зарур аст, ки бештару амиқтар илму ҳунар омӯзед ва дар оянда барои рушди Ватани аҷдодиамон саҳми муносиби худро гузоред”, таъкид карданд Пешвои миллат.Кӯдакону наврасони ятим дар суҳбат бо Президенти мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ баён карданд. Махсусан таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат умеди онҳоро ба ояндаи хубу босаодат қавитар гардонидааст. Ҳамин буд, ки ҳангоми мулоқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки дар зиндагии худ ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ хоҳанд кард ва ҳастии худро ба рушду инкишофи Тоҷикистони азиз хоҳанд бахшид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028