ТАЛҚИНИ ҲИССИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢДАР БАЙНИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН

Худшиносӣ яке аз арзишҳои эҷодкардаи инсон ба шумор рафта, дар ҳалли бунёдкорӣ вайро хамсафар мебошад ва ба бузургдошти арзишҳои суннати ҳидоят мекунад. Шинохтан пояи устуворест, ки ҳар миллат мавҷудияти худро дар канори хонаводаи миллатҳои муҳталифи ҷаҳон барои эҳтиром нишон медиҳад. Инсони хештаншинос танҳо бо донистани таъриху фарҳанги миллати худ махдуд нашуда, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва аз фарҳанги халкҳои дигар низ бояд огоҳ бошаду беҳтарин дастовардҳои ҷаҳониро омӯхта, барои пешрафти миллати худ истифода намояд.Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки худро ба дигар халкҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башари саҳм гирифтааст”.Худшиносии афроди алоҳида – ин яъне ҷавоб ёфтан ба пурсишҳое мебошад, назари: «ман кистам?», «аз куҷо омадаам?», «ба куҷо хоҳам рафт?», «гузаштагони ман киҳо буданд”, “падару модарам кистанд?», «миллату рисолатам чист?» ва ғ. Вақте ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил ё наздик ба он дарёфт менамояд, ниҳоятан худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад.Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Вахдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт маpбyт буда, тавассути таълиму таpбияи хуб ва донишу маъpифати баланд бадаст меояд. Чуноне,ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотиpаҳои таъpихӣ, ифтихоp аз мансубияти миллӣ, даp шyypи ҳаp яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳаp кадоми мо манфиати миллиpо ҳамчун қаpзи муқаддаси шаҳpвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиpом нагyзоpем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат баpоямон ба аpзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намеpасем».Гуфтан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон дар замони истиқлолияти миллӣ бо сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пешрафтҳои назарасеро соҳиб гардад. Ин пеш аз ҳама дар роҳи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад, ки эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем. Маълум аст, ки рӯз аз рӯз таҳоҷуми идеологияҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ноором гузошта таъсири манфии худро дар қишрҳои гуногуни башарият гузошта истодааст. Ин гуна ҷараён моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, дӯст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдошти арзишҳои маънавию миллӣ бирасем. Чунки худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Бо таъбиpи Пpезиденти кишваp, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бидуни пайванду ҳамгиpоии тамаддуни имpӯзаи тоҷикон бо таъpихи куҳанбунёди хеш ба қадpи истиқлолият, ифтихоpи Ватану ватандоpӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил pасидан мушкил аст. Ҳамчунин бе даpкиогохонаи pешаҳои таъpихӣ, тахкими истиқлолият пойдоpии давлатдоpӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мyшкилтаp хоҳад буд».Пас моро зарур аст, ки ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намуда, ба воя расонем. Чунки маҳз наврасону ҷавонон пешбарандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб рафта, ҳифз ва талқин намудани арзишҳои миллию анъанавӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо ба ҳисоб меравад. Ҷавонон яке аз қишрҳои асосии ҷомеъа ба ҳисоб рафта, ватанпарасту худшинос ва соҳибмаърифат будани онҳо дар ҳаёти имрӯзаю ояндаи миллат нақши басо бузург дорад. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи падару модар, муррабиён ва омӯзгорон аз он иборат аст, ки аз кӯдакӣ фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намуда онҳоро дар рӯҳияи ватанпарастию ватандӯстӣ ба воя расонида, ба ояндаи дурахшон раҳнамун созанд.Чуноне,ки тибқи пажуҳишҳои илмӣ исбот шудааст, ташаккули биологии майнаи кўдак дар шаш соли аввал хуб инкишоф меёбад. Ва ҳар донише, ки кўдак ба ҳангоми ташаккули майна (яъне то ҳафтсолагӣ) бармедорад, дар майнаи ў барои ҳамешагӣ нақш мебандад. Вобаста ба ин масъала донишманди маъруфи замони муосир Гленн Доман (1919–2013), мефармояд,“ Ҳар қадар бо кўдак дар солҳои аввали ҳаёти ў машғул шавем, нерўи ақлониаш ба ҳамон андоза зудтар инкишоф меёбад ва ҳар чӣ зиёдтар ҳаракат кунад, инкишофи майнаи ў бештар сурат мегирад. Кўдакони ду-сесола метавонад ба осонӣ хондан, ҳисоб кардан, расм кашидан, давидан, оббозӣ кардан, мусиқӣ навохтан ва бо чандин забони хориҷӣ ҳарф заданро биомўзанд. Ва барои ин заҳмати бештаре лозим нест, зеро майнаи кўдак маҳз барои омўхтан барномарезӣ шудааст” Глен Доман меафзояд, ки пас аз сесолагӣ инкишофи босуръати майна суст ва дар ҳафтсолагӣ амалан қатъмегардад. Ва танҳо пас аз ин таълими расмӣ дар мактаб шурўъ мешавад. Аз ин бар меояд, ки таълиму тарбияи кӯдаконро дар муассисаҳои томактабӣ ва ширхоргоҳҳо боз ҳам пурзӯр намуда, онҳоро бо роҳу усулҳои нави замонавӣ дар рӯҳия ватандӯстию худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намуда ба камол расонид. Мавриди зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯз техникаю илм пеш мераванд ва бо баробари афзудани аҳолии замин дар сатҳи зиндагии мардум низ мушкилии гуногуне рӯ ба рӯ мегарданд. Махсусан шинохт ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ба монанди Имом Абӯҳанифа,Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва таҷлили ҷашнҳои қадимии тоҷикон аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва дигар анъанаҳои қадимаи мо, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешаванд, дар эҳё ва густариши унсурҳои фарҳангию миллӣ ва динӣ нақши муассир гузошта дар ниҳоди кӯдакону наврасон ва ҷавонон ҳисси баланди худшиносиро бедор месозанд.Чуноне,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,- Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш, аз ҷумла Паёмҳои ҳамасола доир ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи худшиносии миллӣ суханрониҳо намуда таъкид менамоянд, :“Равандихудогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”.Пас ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд,ки ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмардона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад. Набояд фаромӯш сохт,ки таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдӯстӣ ва арзишҳои миллӣ пеш аз ҳама аз оила оғоз ёфта ва сипас дар боғчаю мактабҳо ва ҷомеа ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Сайдамадзода Хуcноро — аъзои фаъоли ҲХДТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028