Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии 110 киловолтаи “Хоруғ” ва “Помир-1”, инчунин шиносоӣ бо лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ва сохтмони НБО “Себзор”

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» оғоз бахшиданд.Зеристгоҳи барқии «Хоруғ» дар назди НБО-и Хоруғ дар масоҳати 4850 ва зеристгоҳи «Помир-1» дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 2615 метри мураббаъ бунёд карда шудааст.Шиддати зеристгоҳи барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» 110 кВ буда, дар ҳар кадоми он ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб гардидааст.Барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти навтарини соҳа дар зеристгоҳҳои «Хоруғ» ва «Помир-1», ки марҳилаи сеюми Лоиҳаи хусусии энергетикии Помирро дар бар мегирад, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва қисман аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» 1 млн. 967 ҳазор ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 393,4 ҳазор доллари америкоӣ ҷудо карда шудааст.Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир — марҳилаи III ба беҳтар намудани фаъолияти «Помир Энерҷӣ» ва баланд бардоштани самаранокӣ ҳамчун унсурҳои муҳими устувории дарозмуддат нигаронида шудааст. Лоиҳаи мазкур бо назардошти осебпазирии минтақа аз офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин беҳдошти самаранокии нерӯи барқ ва идоракунии марҳилаи авҷи сарбории шабакаҳо бо харҷи кам тарҳрезӣ шудааст.Татбиқи лоиҳа аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст, ки он тавоноии «Помир Энерҷӣ»-ро баланд мебардорад.Васлу насби таҷҳизот ва сохтмони зеристгоҳҳоро бо фармоиши «Помир энерҷӣ» мутахассисони ширкатҳои ватании «Мадад», «Помир энергосервис» ва «Худоёрбек» анҷом додаанд. Таҷҳизоти васлу насбшуда дар зеристогоҳҳои нав аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи олам истеҳсол гардида, солҳои зиёд кор карданашон кафолат дода мешавад.Зеристгоҳҳо имконоти навро дар самти коҳиши минбаъдаи талафот, таъмини беҳтар ва боэътимоди нерӯи барқи тоза ​​ба шумораи бештари аҳолӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии нерӯи барқ ​​фароҳам меоранд.Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки зерисгоҳҳои нав имкон медиҳанд, талафоти нерӯи барқ ​​дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди нерӯи барқ ​​ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди ВМКБ ва инчунин минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин карда шавад.Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври замонавӣ ва ҷавобгӯ ба меъёри соҳаи энергетика бунёд гардидаст.Ба кор андохтани зеристгоҳҳо марҳилаи нав ва таърихии таъмини нерӯи барқ дар ВМКБ мебошад, зеро нахустин маротиба системаи энергетикии минтақа ба иқтидори 110 кВ мерасад.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдомҳои бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи онҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нерӯгоҳҳои хурду бузург ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёду навсозӣ гардиданд, ки сифати таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар шуд.Айни замон бунёди чунин зеристгоҳҳои барқии баландшиддат дар қаламрави вилоят хеле муҳим аст, зеро ҳоло сохтмони НБО-и «Себзор» оғоз гардидааст.Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Себзор» ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуданд. НБО-и «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, то имрӯз барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ бо муваффақият анҷом дода шудааст. Ҳоло кӯчонидани хонаҳои истиқоматии дар минтақаи сохтмонбуда ба дигар мавзеъ ва сохтмони бинои маъмурии иншоот пурра ба анҷом расонида шуда, тағйир додани маҷрои дарё ва корҳои заминӣ дар иншоот бомаром рафта истодааст. Татбиқи Лоиҳаи бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардидааст. Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегават дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 54 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. НБО-и “Себзор” дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, он дар рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.Лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат беш аз 90 фоиз иҷро гардидааст ва имрӯз васлу насби сутунпояҳои оҳанӣ ва кашидани хатҳои барқии баландшиддат дар масири пешбинишуда бо маром ҷараён дорад. Дарозии хати интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалӣ намудани лоиҳа 4,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Иншоот дар соли 2022 ба кор андохта мешавад ва дар ин замина мушкилоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар самти дастрасӣ ба нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза бартараф хоҳад шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028