ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баҳри амалигардонии Барномаи Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар доираи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе ҳар рӯзи шанбе корҳои ободониву созандагӣ ташкил ва баргузор менамояд.

Бо ҳамин мақсад санаи 25 сентябр дар кӯчаи А.Ғуломов назди бозорӣ “Бале ҷавон” шамбегии дастаҷамъона бо ҷалби зиёда аз 300 нафар ҳизбиёни пойтахт баргузор гардид. Дар доираи шанбегӣ кӯчаву роҳрав, атрофи биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тозаву озода гардида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳизбиён бо чунин иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи худ барои зебо намудани симои пойтахт ва муаррифии кишвари биҳиштосои азизамон-Тоҷикистон  саҳмгузорӣ менамоянд.

ҲХДТ – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни пурифтихори худ амалӣ гардонида истодааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028