Соҳаи сайёҳӣ ва рушди он дар кишвар

Ҳамасола 27-уми сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1979 бо мақсади тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни кишварҳо ва халқиятҳои гуногуни олам ҷашн гирифта мешавад.

Боиси зикри махсус аст, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад, ки тамоми ҷаҳон барои фароҳам овардани имкониятҳои хуб дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро рӯйи кор меоранд. Аз ҷумла, кишвари биҳиштосои мо пас аз соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа диққати ҷиддӣ дода, барои зебову дилрабо намудани маконҳои сайёҳии кишвар масъулин корбарӣ менамоянд. Пушида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян намуда, солҳои 2019-2021-умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.  

Дар заминаи ташаббусҳои зикргардида ва имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд.

 “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд.Тайи солҳои 2018-2020-ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид”, омадааст, дар Паёми солонаи Пешвои миллат. Аз маълумоти болозикр бараъло рӯшан аст, ки соҳаи сайёҳи дар кишвари мо рӯ ба рушд аст.

Натиҷаи ҳамин корбариҳо ва имкониятҳои фароҳамнамудаи Пешвои сулҳпарварамон буд, ки Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амният ворид гардид.

Бунёди роҳҳо, пулҳо, иншооти гуногуни хизматрасонӣ ва аз ҳама муҳим таъмини сулҳу амният дар ҳама манотиқи мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ сабаби бавуҷудоӣ ва рушди самти нав дар иқтисодиёт — соҳаи сайёҳӣ гардид. Барои таҳким бахшидани пояҳои ҳуқуқии соҳа ва шароит фароҳам овардан барои рушди сайёҳӣ соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризм» қабул карда шуд.

Қобили қайди махсус аст, ки маҳз бо талошҳои созанда ва собитқадамонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушод» соҳаи сайёҳии мо рғ ба рушд ниҳода, тамоми тадбирҳои сарвари кишварамон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дастгирӣ ёфта ва соли 2007 дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ гашт.

Бо боварии том метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати озоду обод ва макони мусоид барои рушди сайёҳӣ боз ҳам ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам  хоҳад кард.

Давлатзода Ҳангома Рустам- мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028