Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ туҳфаҳо тақдим намуданд

27 сентябр дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гурӯҳ ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, аз аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи “Ориёно” — и ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконеро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро ин навбат 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бевосита аз дасти Пешвои муаззами миллат туҳфаҳои иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Бо дарназардошти он ки рушду пешрафти Ватани азиз бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва аз худ кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд.

Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар маҷмӯъ 300 нафар ятими кулл, нимятим ва маъюбони то 18-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар боздиди кории худ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.

Давоми 30-соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва буду боши ятимон дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудани ин қишри ҷомеа корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар тарабхонаи “Ориёно” 27.09.2021









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028