ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ МИНТАҚАВИИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН”

Бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон — муовини Раиси ҲХДТ, муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Хоҷазода Фарзонаи Ҳамдам, Ҳайдарзода Ислом Ҳайдар – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва раисони Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун ва Варзоб баргузор гардид. Дар суханрони худ Латифзода А.Қ., — муовини Раиси ҲХДТ нахуст ҳамаи ҳозиринро аз номи Роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфтанд.Гуфта шуд, ки ҲХДТ варзишро ҳамчун яке аз омилҳои солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш талош менамоянд. Қайд гардид, ки бо мақсади таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, марҳилаи минтақавии мусобиқаи мазкур доир гашт. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Варзоб, Роғун дидор анҷом доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028