МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Малика” бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ Искандар Талбакович ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳимова Дилбар маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Малика” — Искандар Талбакович ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва аъзоёни фаъоли ҳизбро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуд.

Абдураҳимова Дилбар муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати давлатдории миллӣ, расидан ба ормонҳои миллат, бобати тарбияи ватанпарастии ҷавонон, хештаншиносиву худогоҳӣ суханронӣ намуд.

Дар интиҳо як гурӯҳ ҷавонону фаъолон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028