ДИДАН НАМУДАН АЗ МАРКАЗИ МОНИТОРИНГ ВА ВОКУНИШИ ФАВРИИ «iКОМЕК»-И ҲОКИМИЯТИ ШАҲРИ НУР-СУЛТОН

Санаи 24 сентябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии «iKOMEK»-и Ҳокимияти шаҳри Нур-Султон дидан намуданд.Дар ин ҷо ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки маркази мазкур бо реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият карда, ҳамаи марказҳои тамоси муассисаҳои коммуналии шаҳрро мепайвандад ва бо ҳамин тариқ нуқтаи марказии робита бо аҳолӣ ба шумор меравад.Дар марказ «iKOMEK» 60 мутахассис ва 6 ҳазор камераҳои мушоҳидавӣ фаъолият дошта, ба таври шабонарӯзӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон хизмат менамоянд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028