ВОХӯРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ ШАҲРАКИ 23-И НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Санаи 25-уми сентябри соли равон дар “Шаҳраки 23”-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №55 муҳтарама Камолова Маҳбуба Расуловна ва сардори шуъбаи манзилию коммуналии ҶДММ “Насоҷии тоҷик” Раҷабалӣ Давлатов бо истиқоматкунандагони шаҳраки мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Дар оғози вохӯрӣ вакил М.Р. Камолова ҳозиринро ба ҷашни фархундаи миллат – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.

Зимни мулоқоташ Маҳбуба Камолова ба истиқоматкунандагон таъкид намуданд, ки ба масъалаҳои мубрами рӯз диққати ҷиддӣ диҳанд. Аз ҷумла, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, назорати ҷиддии ҷавонону наврасон ва ҷалби онҳо ба донишомӯзӣ дар асоси риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон”, инчунин оид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 созандагию бунёдкориро ба роҳ гузоранд.

Раҷабалӣ Давлатов — сардори шуъбаи манзилию коммуналии ҶДММ “Насоҷии тоҷик” ба сухан баромада, оид ба шароитҳо ва хизматрасониҳо дар ин шаҳрак (Мушфиқӣ 111,113,115) ибрози андеша намуда, истиқоматкунандагонро ба тозагию ободкориҳо даъват намуда, таъкид сохт, ки сокини пойтахт буданро фаромуш насозанд ва одоби шаҳрдорию шаҳрнишиниро доимо риоя намоем.

Дар охири вохӯрӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии №55 Маҳбуба Камолова ба саволҳо ва пешниҳодҳои аз тарафи истиқоматкунандагон ирсолшударо ҷавобҳои мушаххас гардонда, бори дигар ҳамаи истиқоматкунандагони “Шаҳраки 23”-ро ба созандагию бунёдкорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойбарҷо мондани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ раҳнамун сохт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028