Фирдавсӣ

Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

15-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1994 ба Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 1999 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси омӯзгор хатм намудааст. Соли 2020  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси “Идоракунии давалтӣ” хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаҳои олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, солҳои 1991-1999 коргар дар хоҷагии Ленини ноҳияи Фархор, солҳои 2000-2005 сармуҳосиб дар коперативи истеҳсолии “Орзубек”, солҳои 2005-2008 омӯзгори фанни математика дар МТМУ №17-и ноҳияи Фархор,  солҳои 2008-2011 муовини директори  Корхонаи воҳиди ёрирасони “Ирфон”-и назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХД, солҳои 2012-2017 мудири бахши омор ва бақайдгирии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, солҳои 2017-2019 мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷаъмиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва солҳои 2019-2021 Раиси Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар шаҳри Турсунзода адои вазифа намудааст.

Аз 10 феврали соли 2021 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Оиладор









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028