Сино

Файзуллозода Заррина Файзулло — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино

21 феврали соли 1977 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 ба ҳайси ҳисобчии ширкати дузандагии «Гулистон»-и шаҳри Душанбе оѓоз карда, баъдан солҳои 1995–2008 дар вазифаҳои муҳосиби корхонаи сохтмонии «Меъмор», муҳосиб–иқтисодчии ширкати хурди «Обод»-и шаҳри Душанбе иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 2008–2009 дар вазифаҳои муҳосиб–иқтисодчии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, муҳосиби Корхонаи махсуси (Қазони) давлатии ҷумҳриявии «Тиллои тоҷик», муҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Гулистон» фаъолият намудааст. Солҳои 2012 – 2014 дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор намуда, баъдан соли 2014 мудири бахши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2016 то соли 2017 дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти кориашро давом додааст.

Ҳамзамон аз соли 2009 то имрӯз вазифаи Раиси Шӯрои маҳаллаи «Яккачинор»-и шаҳри Душанберо иҷро намуда истодааст.

Солҳои 2010–2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Аз моҳи феврали соли 2017 то имрӯз вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бар уҳда дорад.

Аз соли 2009 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ҳамзамон, аз соли 2014 аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Соҳиби 2 фарзанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028