МАРОМИ ПОЙТАХТ

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАЗПРОМНЕФТ” ТАЪСИС ЁФТ

Санаи 10-уми июли соли равон дар ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон" маҷлиси муассисони ташкилотии ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Муҳриддин Ғаффоров - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фарҳод Ҳусенов - намояндаи ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон" иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ба якқатор кормандони ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон", ки дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо пешниҳоди зиёди номгузориҳо таъсис дода шуда, номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Газпромнефт” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизби ташкилоти мазкур Пирова Мунира -Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Газпромнефт” интихоб карда шуд. Ҳамчунин барои пешбурди корҳои ташкилоти ибтидоӣ Шарипова Дилшода - котиби Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Муҳриддин Ғаффоров - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия барои аъзо ва пайрави аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона табрик намуд.

Мавсуф аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз истиқлолияти комили сиёсӣ ва Ваҳдати милии мамлакат буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо иродаи матин ба дастовардҳои зиёде дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардиданд. Ҳамчунин Муҳриддин Ғаффоров аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар арафаи 25-умин солгарди он қарор дорем ёдовар гардид ва барои тақвияти корҳои сиёсӣ-таблиғотӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Дар фарҷом мубодилаи афкор миёни аъзоён ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сурат гирифт, ки саволҳо, мавзуъҳо ва пешниҳодҳои муфид ва саривақтӣ буд.

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс