МАРОМИ ПОЙТАХТ

ОМИЛИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Сулҳ маънои оромӣ, осоиштагӣ ва дӯстӣ дошта, Ваҳдат якдилӣ, ягонагӣ ва оштии миллӣ мебошад.

          Рӯзи 27-уми июн санаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 1997 инҷониб дар кишвари азизамон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз яке аз сутунҳои устувори таъмини Истиқлолияти давлатӣ Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, баъди расидан ба ин сулҳи деринтизор дар байни кишварҳои ҷаҳон ин сулҳи бадастомада барои чандин давлатҳо омӯзанда гардид.

           Тавассути Ваҳдати миллӣ кишвари мо дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Танҳо бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир расидаву давра ба давра ва қадам ба қадам ба ояндаи неку дурахшон расида истодаем. Худи ҳамин руҷӯъ, ки Пешвои миллат иброз намуданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…» нияти мардуми тоҷик буда, то ба охир шиори пиру ҷавон гардид ва моро аз хоҷагии нимвайрон ва кишвари ҷангзадаву пойбанди ҷудоихоҳиҳо ва буҳронӣ ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил дод. Дар ин давра, ҳамзамон бо пешравиҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлол аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар мебошанд.

              Хушбахтона, табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои хаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Сулҳи тоҷикон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Воқеан, Пешвои миллат халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро авф кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард:

Ин ҳама рӯзи накуву пурсафо аз Ваҳдат аст,

Ин ҳама айёми хубу ҷонфизо аз Ваҳдат аст

            Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, ба ҷаҳониён собит кард, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода карда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.

            Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон дод, ки минбаъд тамоми мардуми кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллати тоҷикон эътироф ва эҳтиром намуда, сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб ва қабул карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон пайдо кард, ки Тоҷикистон роҳи сулҳ, ободӣ ва бозсозии кишварро пеш гирифт, аз ин хотир, кишварҳои мухталиф омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ватанамон нишон доданд.

             Таҳкими сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят карда, заминаҳои муосири иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меорад. Дар Паёмҳои ҳарсола ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, иштироки бевоситаи мардум дар корҳои идораи давлат барои дар амал татбиқ намдани ғояҳои ваҳдати миллӣ чун дурнамои ягонаи халқу давлат ба хотири ободии рӯзгори мардум таҷассум мегардад.

             Тамоми ҳадафҳои иқтисодии кишварамон дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада истодааст ва дар Паёми навбатӣ ҳадафи чорум ба вуҷуд омад, ки он марҳилаи навест, ки дархӯри се ҳадафи пешина мебошад. Имрӯз мо дар марҳилаи саноатикунонии кишвар қарор дорем ва тавре шоҳидем бе саноатикунонӣ дар замони муосир наметавон ба ҳадафҳои дар пешгузошта расид. Мо дорои заминаи устувори саноат буда, аллакай онро дар замони Шӯравӣ бунёд намуда будем ва бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ онро аз даст дода, бо кӯшишҳои пайваста метавонем дар наздиктарин фурсат ба он марҳила рафта расем ва ин кӯшишҳои мо мисли дигар ҳадафҳоямон ҷомаи амал пӯшид ва моро ба зиндагии шоиста расонд.

 

Бимонад ҷовидона номи Ваҳдат,

Шабеҳи рӯз бошад - шоми Ваҳдат.

Илоҳо кафтари амну амонӣ,

Нишинад то абад дар боми Ваҳдат.

 

Нурализода Амрулло Назрулло, - узви фаъоли

 ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс