МАРОМИ ПОЙТАХТ

НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОР КАРДАНИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

      Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар ҳуди дохили ҷумҳурӣ  ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Русия, Украина, Белорусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, бори гарони ҷудоӣ аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ (ба ҳисоби қурби онвақта) рост меомад.

      Дар ҳамин давраи фалокатбору ҳассос аз 16–уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии  XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардид. Вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд.[5,51–52].Дар он лаҳзаҳои  хеле вазнин, ки яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба уҳда гирад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ  карда, ваҳдати миллиро барқарор намуд.

     Аз минбари баланди Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!» ва илова намуд, ки «ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!» Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва боварӣ баён намуд ва дар дили сардгардидаи мардум гармӣ бахшиду тухми умед кошт. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо тариқи барномаи «Хоки Ватан», ки онро радиои Тоҷикистон махсус барои гурезагони дар хоки Афғонистон қарордошта таъсис дода буд, баромад намуда, ба ҳамватанони муҳоҷиргашта бо чунин суханҳо муроҷиат кард: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!» .Баъди ин суханҳо дар дили  ҳар як муҳоҷир ҳисси баланд нисбат ба Сардори давлат ва ҳукумати  навтаъсис бедор шуд ва азми ба Ватан баргаштан карданд.

      11 - январи соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани ҳамкории тарафайн бо Ҷумҳурии Қазоқистон бо нахустин сафари корӣ ба шаҳри Алмато сафар намуд. Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Нурсултон Назарбоев мулоқот намуда оиди як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, созишномаҳои дуҷонибаро ба имзо расониданд. 14 - январи соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо сафари кори ба вилояти Ленинобод (феълан вилояти Суғд) рафт. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкаловск - и вилояти Ленинобод (феълан вилояти Суғд)  бо муҳандисону кормандони техникии иттиҳодияи истеҳсолии «Востокредмет» мулоқот анҷом дод. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин аз натиҷаи сафарҳои давлатии расмӣ, мазмуни шартномаю созишномаҳои имзошуда, ки ба мӯътадил гардидани вазъияти сиёсию иқтисодии Тоҷикистон равона гардидаанд, сухан ронд.

     31 январи соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо сафари кори ба вилояти Хатлон рафт. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамсӯҳбат шуда, оид ба чораҳои қатъии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри некӯаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ сухан ронд

      Соли 1994 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурезагони ноҳияи Шаҳритуз, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргашта буданд, вохурд ва ҳамингуна вохуриҳоро бо дигар  гурезагони шаҳру ноҳияҳо доир намуд. Ва онҳоро барои дубора обод намудани манзилҳои истиқомати ва дар барпо намудани сулҳу Ваҳдати - миллӣ дар Тоҷикистон даъват кард.

Зубайдуллоев Саидҷон– узви фаъоли ҲХДТ

 

 

 

 




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс